• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар Хадамоти муҳоҷират мизи мудаввар дар мавзуи “Мероси фарҳангии миллӣ – кафили саодати рӯзгори таърихии мост” баргузор гардид

Migration Service by Migration Service
18.10.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дар Хадамоти муҳоҷират мизи мудаввар дар мавзуи “Мероси фарҳангии миллӣ – кафили саодати рӯзгори таърихии мост” баргузор гардид
315
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз, 18 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират ҳамоиш дар мавзуи “Мероси фарҳангии миллӣ – кафили саодати рӯзгори таърихии мост” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шамсов Саймуддин, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ, муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир ва кормандони Хадамоти муҳоҷират иштирок намуданд.

Зимни баромад намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шамсов Саймуддин қайд намуданд, ки дар замони Истиқлол бо азму талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ тадриҷан эҳё гардида, рушд намуд.

Дар замони Истиқлол “Конспесияи инкишофи фарҳанг” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” қабул гардиданд, ки барои рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ заминаи боэътимод ба вуҷуд оварданд.

Сипас, дар назди ҳозирин омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ баромад намуда иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккул ва тақвияти худогоҳию худшиносии миллӣ ва дар ин замина таҳким бахшидан ба ҳамгироии минтақаҳо ва ваҳдати миллӣ корҳои зиёдеро анҷом дод.

Аз ҷумла, барои эҳё ва тақвияти фарҳанги миллӣ, инчунин бо мақсади ваҳдату ягонагии халқамон дар кишвар якчанд ҷашнҳои умумимиллӣ: – 1000 –умин солгарди иншои “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, ҷашни 2500-солагии Истаравшан, таҷлили 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, таҷлили 3000-солагии Ҳисор, ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразм, 2700-солагии нахуст китоби аҳли башар – “Авесто”, ҷашни бузургдошти алломаҳои фарҳанги миллӣ – Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём, таҷлили ҳамасолаи “Рӯзи Рӯдакӣ” ва ғайра гузаронида шуданд, ки дар баргузории ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ – фарҳангии зикршуда саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Рӯй овардан ба таърихи халқи хеш, иншо ва чопи китоби “Тоҷикон” – и аллома Бобоҷон Ғафуров ва ҳадяи он ба мардуми кишвар, худ гувоҳи эҳё намудани таърих ва фарҳанги миллӣ аз тарафи Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муассисаҳои муҳташами фарҳангӣ, аз қабили Китобхонаи миллии Тоҷикистон, осорхонаи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат оину ҷашнҳои миллӣ, назири Наврӯз, Меҳргон, Шашмақом, Фалак, атласу адрас ва чакан эҳё гардида, қисме аз арзишҳои фарҳангӣ, мисли Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии созмони фавқуззир ворид шуданд.

Бо иқдоми Сарвари давлат соли 2019 мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ барои ворид шудан ба ин созмони бонуфузи банйалмилалӣ пешниҳод гаштанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш барои дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, раиси муаззами фаъолияти пурсамарашон  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо “Ифтихорнома”, муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ бо “Сипоснома” қадрдонӣ гардиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии судманд дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

ХАБАРИ ФАВРӢ ОИД БА МУҲОҶИРАТ!

Next Post
ХАБАРИ ФАВРӢ ОИД БА МУҲОҶИРАТ!

ХАБАРИ ФАВРӢ ОИД БА МУҲОҶИРАТ!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.