Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб ва доғи рӯз буда, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ ва муқобилияти дастҷамъонаро талаб менамояд.
Ин нуктаро муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир дар хониши идоравӣ, ки дар Хадамоти муҳоҷират доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир бар зидди ин амали номатлуб бо иштироки нозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи АНДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин доир гардид, иброз намуд.
Дар баромади худ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», татбиқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ва «Нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2024» ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар паст кардани шиддати коррупсия буда, мубориза бо амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва коҳиш додани хатари коррупсия дар ҷомеа аз шаҳрвандон масъулияти зиёд талаб менамояд.
Дар фарҷом Сайфиддинзода Нуриддин оид ба хавфҳои коррупсия, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дарки зарару оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти нангин, хавфи рух додани чунин ҳолатҳо дар фаъолияти корӣ, талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, роҳ надодан ба чунин амалҳо бо мақсади аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионию ҳуқуқӣ ибрози назар намуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират