Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб ва доғи рӯз буда, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ ва муқобилияти дастҷамъонаро талаб менамояд. Ин нуқта дар хониши идоравӣ, ки дар Хадамоти муҳоҷират доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир бар зидди ин амали номатлуб бо иштироки муфатиши калони шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, капитани адлия Холзода Э.М., доир гардид.
Дар баромади худ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, татбиқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар паст кардани шиддати коррупсия буда, мубориза бо амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва коҳиш додани хатари коррупсия дар ҷомеа аз шаҳрвандон масъулияти зиёд талаб менамояд.
Дар фарҷом Холзода Э.М., оид ба хавфҳои коррупсия, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дарки зарару оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти нангин, хавфи рух додани чунин ҳолатҳо дар фаъолияти корӣ, талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, роҳ надодан ба чунин амалҳо бо мақсади аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионию ҳуқуқӣ ибрози назар намуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират