Терроризму экстремизм даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза Ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.
Воқеан, таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст.
Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.
Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад, ба ҷомеаи мо, бахусус, давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад.
Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаро хусусияти байналхалқӣ доранд.
Мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон