Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа яке аз мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, ки ба рушди устувори давлатдорӣ ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа зарари манфӣ мерасонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суханрониҳояшон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба болоравии шиддати фасод дар ҷомеа борҳо таъкид намудаанд, ки: “Коррупсия чун як падидаи манфӣ барои пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад ва мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳурот ва паст кардани шиддат ва решакан кардани он сафарбар намоем”.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар фарди худогоҳе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар мебарад, дар мубориза бо коррупсия набояд бетараф бошад. Ҳар шахси худогоҳу солимфикр дар кадом вазифа ва ё ҳолати корие набошад, худ ва наздиконашро дар рўҳияи зиддикоррупсионӣ тарбия намояд ва ҳар амалеро анҷом диҳад, дар доираи қонун бошад, то дар мубориза бо коррупсия саҳми босазо гузорад.
Тадқиқот нишон медиҳанд, ки ягон мамлакат, ҳатто давлатҳои дорои таърихи бойи идоракунии ба меъёрҳои демократӣ асосёфта аз коррупсия озод нест. Зуҳуроти он дар ҳар ҷо гуногун буда, дар давлатҳое, ки дар давраи гузариш аз як низоми идоракунии давлатӣ ва иқтисодӣ ба дигар низом қарор доранд, зоҳиршавии коррупсия хавфи ҷиддиеро ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ, рушди он ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба вуҷуд меорад.
Қайд кардан лозим аст, ки дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ ва ниҳодии муқовимат бо коррупсия сол аз сол тақвият ёфта истодааст. Фаъолнокии ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ меъёри асосии самаранокии амали онҳо дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад. Маълум аст, ки дар Тоҷикистон ниҳодҳои махсусгардонидашудаи муқовимат бо коррупсия чун Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб таъсис ёфтаанд, ки собиқаи зиёда аз даҳсолаи фаъолият доранд. Ғайр аз ниҳодҳои махсусгардонидашуда дигар мақомотҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналхалқӣ низ дар самти муқовимат бо коррупсия фаъолият мебаранд.
Басонат Азизова, Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод