Боиси зикр аст, ки дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ аст. Экстремизм ва терроризм аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор рафта, зухуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Имрӯз, экстремизму терроризм дар минтақаҳои гуногуни олам доман афрохта, хатари бузурги иҷтимоиро ба миён овардааст ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақа воқеан таҳдиди ҷиддӣ эҷод намуда истодааст.
Бо мақсади таъмини устувор ҷиҳати neшгupӣ аз хатарҳои афзояндаи экстремизму терроризм ва дигар таҳдидҳои замони муосир кишвари мо ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият мебахшад.
Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардиданд ва зуҳуроти экстремизму терроризм ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Вале, экстремизм ва терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои дaҳшaтбopy бераҳмонаи худ ба муаммои ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Халки тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо амалҳои мудҳиши террористӣ ва экстремистӣ рӯ ба рӯ гашта ва аз он сабақи таърихӣ гирифта, ин рухдоди манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои нопок маҳкум менамояд. Баҳри пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.
Пешгирӣ кардани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар мебошад. Аз тадқиқотҳои илми криминалогия ба мо маълум аст, ки барои пешгирии ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ террористӣ дошта омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо нақши калидиро мебозанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз зумраи давлатҳоест, ки бар зидди экстремизм ва терроризм муборизаи беамон мебарад ва як қатор барномаҳо ва корҳои ғоявӣ барои пешгирӣ намудани терроризми байналмилалӣ пешниҳод гардидаанд. Дар сиёсати дохилӣ низ корҳои муҳим дар асоси “Стратегияи миллии Ҷумҳypии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм” роҳандозӣ шуда буд.
Имрӯз аз ҳap як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мешавад, ки бо ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ, хештаншиносӣ ва инсондӯстӣ ба муқобили экстремизм ва терроризм муборизаи оштинопазир дошта бошанд. Зеро дар даврони ҷаҳонишавии босуръат ба хотири ҳифзи истиқлоли миллӣ ва расидан ба қуллаҳои баланди давлатдорӣ ҳap як фарди ҷомеа мувофиқи кору омоли хеш муваззаф ва масъул аст, ки асолати миллӣ ва амну суботи кишвар ва дастоварду арзишҳои фарҳангии хешро пуштибонӣ ва ҳимоят кунад.
Шерализода Носиралӣ,
Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе