Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо муассисаҳои дахлдор, имомхатибони масҷидҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳо доир мегарданд. Дар робита ба ин роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини ҳудуди ноҳия мулоқот намуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия Бобошоҳзода М., мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, дин танзиму анъана ва ҷашну маросим ва намояндаи раёсати Агентии шуғли аҳолӣ ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон қайд карданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 март баргузор гардид, аз ҷумла иброз намуданд, ки «қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад».
Дарвоқеъ, ин қонун дар самти сарфаю сариштакорӣ, беҳбуди рӯзгори сокинони мамлакат ва торафт кам шудани хурофоту хурофотпарастӣ саҳми бориз гузошт. Бо ин мақсад имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба хотири фаҳмонидани ҳадафи асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ҳамчунин эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ гурӯҳҳои алоҳида ташкил шуда, дар дурдасттарин деҳот низ вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир менамоянд.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки мо бояд суханони Сарвари давлатро, ки ба беҳгардонии сатҳи зиндагии мардум равона гардидаанд, нодида нагирем.
Тавре ки Президенти мамлакат баён намуданд: «Мо набояд фаромӯш намоем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии мамлакат буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд. Қонуни танзим чӣ қадар сабукӣ овард, одатҳои барои мардум мушкилро аз байн бурд, зиндагии чӣ қадар одамон беҳтар шуд».
Ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро мебояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, ободонии диёр, пешгирии қонуншиканиву исрофкорӣ, тарғиби либосҳои бегона, ҳамроҳ нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ саҳм гузорад.
Ситоди ноҳиявӣ кӯшиш менамояд, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат аз ҳар ҷамоат фаъолону собиқадорон ва ходимони динро ба хотири возеҳ фаҳмонидани масъалаҳои рӯз ҳамроҳ намуда, бештар ба мардум масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, тақлиди либосҳои бегона, фарҳанги дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, садди роҳ нашудан дар идомаи таҳсили фарзандон, бахусус духтарон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, даст назадан ба исрофкорӣ ва сарфи барзиёд дар ҳоҷизиёрату ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон ва савоби ҳаҷи умра, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро фаҳмонанд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ