Бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни сокинони ноҳияи Темурмалик оид ба тағйиротҳои қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯрии масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо фаъолон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо дар Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд дар толори МТМУ №2 баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон вобаста ба талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории вазъи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонии хориҷӣ аз 30 декабри соли 2024, №1122 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандон метавонанд то санаи 30 апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро дар ФР муайян намуда, ҳуҷҷатҳои худро расман ба қайд гузоранд.
Зикр гардид, ки он нафароне, ки аз ҳудуди ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намуда, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии оила ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Инчунин, ба шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон