Хотиррасон менамоем, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Имрӯз аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон бояд такя ба волоияти қонун намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар мадди аввал гузошта, нагузоранд, ки амалҳои номатлуб аз ҷумла коррупсия ва фаъолияти хусусияти коррупсионидошта ба кишвари азизамон -Тоҷикистони биҳиштосо таъсири манфии худро расонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд, ки: “Мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми ҷомеа низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муқовимат бо коррупсия як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки дар роҳи пешгирии коррупсия ва паҳншавии омилҳои коррупсионӣ натиҷаи назаррасро таъмин намуданд.
Дар ин асно, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти раёсати раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Раёсати муқовимат ба коррупсия полковники адлия Насрутдинзода Қиёмиддин Шовалӣ, нозири калони Раёсати муқовимат ба коррупсия майори адлия Шамсиддинзода Насим Шамсиддин роҷеъ ба пешгириву муқовимат бо коррупсия, методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини якум ва муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раис, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта иштирок намуданд.
Вохӯриро муовини якуми раиси ноҳияи Варзоб Раҷабзода Бобоназар Раҷаб ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки тибқи муқаррарот “Дар бораи тасдиқи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша монда, бо ин мақсад бо қарори раиси ноҳия Гурӯҳи корӣ ташкил гардида, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Муовини сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Насрутдинзода Қиёмиддин Шовалӣ баромад намуда, зимни баромади хеш оид ба амалҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз онҳо, сӯистифода аз мансабҳои давлатӣ, методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбати озод ва судманд намуданд.
Дар ин замина, Насрутдинзода Қиёмиддин Шовалӣ қайд намуданд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки ба амнияти давлату кишварҳо хатар эҷод мекунад. Ин падидаи носолим бо раванди рушду пешрафти ҷомеа монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Инчунин, коррупсия ба сохтори идоракунии давлатӣ, хоҷагии халқ, соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт дар маҷмуъ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонида, эътимоду боварии мардумро нисбат ба фаъолияти ояндасозӣ идораву ташкилот ва умуман соҳаҳои хоҷагии халқ коҳиш медиҳад.
Дар охир раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ибрози андеша намуданд, ки моро зарур аст, ҳама комёбиҳои замони истиқлолият, аз ҷумла, сулҳу суботро қадр намоем, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои пурарзиш ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намоем. Ҳама мардуми бонангу номуси Ватан содиқона дар пайравӣ аз амалҳои нек ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ тамоми камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бартараф намоем. Бо дарки баланди масъулият ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол – Тоҷикистони маҳбуб заҳмат кашем ва баҳри ободию шукуфоии он кӯшиш намоем.
Иловабар ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ таъкид карданд, ки бо дарназардошти ин нуктаҳо, мо фаъолони ҷомеа махсусан хизматчиёни давлатӣ дар масири муқовимат ва пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ аз як гиребон сар бароварда, баҳри решакан кардани ин падидаи номатлуб мубориза барем.
Дар идомаи вохӯрӣ бо иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардид.
Орифҷон Олимзода,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб