Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд андешида мешавад.
Қобили қайд аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои шаҳрвандонро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои шаҳрвандон пайваста таъмин месозанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби масъулин ба воситаи раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони ноҳия дар маркази деҳаҳо, бахусус ҷойҳои серодам корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва ҶСК НБО «Роғун» ба роҳ монда шудааст.
Дар ин асно, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» санаи 4-уми октябри соли равон дар ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳудуди ноҳия ва Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқии Обии «Роғун» баргузор гардид, ки дар рафти он раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ иштирок намуда ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ дар идомаи суханронии худ қайд намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад».
Илова бар ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ ёдовар шуданд, ки Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгириву мададгор нашуда бошанд ва имрӯз миллати сарбаланди тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш ва бозуву ақлу хиради худ бино карда истодаанд.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби 33 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб 147,5 воҳиди корӣ ва аз ҷониби 16 ширкатҳои пудратии ҶСК НБО «Роғун» 1176 воҳидҳои корӣ пешниҳоди корҷӯён гардида, 139 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд.
Дар рафти баргузории ярмарка ба 24 нафар тавсиянома ба ҷойи кор дода шуда, 15 нафар бекорон ва муҳоҷирони меҳнатие, ки касбу ихтисос надоштанд, роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд.
Қобили зикр аст, ки дар рафти ярмарка аз ҷониби масъулин ба иштирокчиён варақаҳо ва буклетҳо дар мавзӯъҳои гуногун дастрас гардонида шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва масъулини соҳа ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд.
Орифҷон Олимзода,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб