Дар маркази ноҳияи Восеъ вохӯрии гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон бо фаъолон ва сокинони ноҳия оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, инчунин баҳри амалишавии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 вохӯрии судманд доир гардид.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар, риояи будубош дар кишвари қабулкунанда, доштани касби муносиб, гирифтани Патент, қайди муваққатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ироа гардид.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самаранок истифода намоянд.
Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмара амалӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки дар бунёд ва нигаҳдошти солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб аз ваколатҳои фаъолони ҷомеа, пирони рӯзгордида ва нафаронони обрӯманди маҳал ҳамчун намояндагони пешсафи ҷомеа бояд истифода бурд.
Дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Восеъ дар хусуси нақшаи даъват ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, омӯхтани мактаби далериву мардонагӣ, хизмат ба Ватан-Модар ва шароити таъминоти муҳайёгардида дар қисмҳои низомию ҳарбӣ, тарбияи ҳуқуқии ҷавонону наврасон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу таърихӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бартараф намудани камбудиҳо дар маҳал ва нигаҳдошти ҷомеаи солим ибрози назар карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон