Бо ташаббуси Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии шуғли аҳолӣ ва МД “Маркази таълими калонсолон”- и ноҳия бо иштироки хонандагони синфҳои 10-11 МТМУ №3 -и ноҳия дарси омӯзиши дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» баргузор гардид.
Ҳадафи чорабинии мазкур ба иштирокчиён оиди ду қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун дар бораи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Қонун дар бораи “Муқовимат ба садои одамон ва кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” маълумоти пурра доданд. Ҳамзамон аз иштирокчиён даъват намуданд, ки дар ҳолатҳои дучор шудан ба зӯроварии хонаводагӣ ва ё шоҳиди савдои одамон гардидан, фавран ба мақомотҳое, ки бевосита ба субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дохил мешаванд хабар диҳанд.
Дар рафти дарси омӯзишӣ, аз ҷумла қайд карда шуд, ки савдои одамон дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст. Гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ, ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд. Аз рӯи баҳодиҳии созмони Anti-Slavery International дар ҷаҳон зиёда аз 27 миллион одамон ба таври воқеӣ ғулом мебошанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои коҳиш додани талаботи истеъмолӣ ба савдои одамон, хусусан занону кӯдакон, барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии башарият оид ба оқибатҳои фалокатбори истисмори савдои одамон чораҳои зарурӣ меандешад. Хусусиятҳои муташаккил ва фаромиллӣ гардидани ҷинояти савдои одамон дар ҷаҳон эътимод ва кӯшиши бетаъхири ба ҳам омадани давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъолу комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Конвенсия оид ба мубориза ба муқобили савдои одамон ва истифодаи онҳо барои фоҳишагӣ аз тарафи шахсони сеюм (соли 1949), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2000), Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили фаромилӣ (соли 2000) ва санадҳои дигари аҳамияти ҳуқуқидоштаи байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, қонунгузории миллиро дар ин самт пурзур намуда, барои ҳифзи шаҳрвандон, бахусус, кӯдакону занон аз зуроварӣ, таҳқир ва дигар рафтори ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ тадбирҳо меандешад. Заминаи қонунии ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз савдои одамон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ, оила ва меҳнат сарчашма мегирад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкору пешгирии савдои одамон пайваста тадбирҳои судманду саривақтӣ меандешад. Маврид ба таъкид аст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” аз 26-уми июли соли 2014 мавриди амал қарор дорад. Қонуни мазкур аз 9 бобу 48 модда иборат буда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муностибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд.
Асри 21 имрӯз дар баробари шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, чун замони афзоиши хатарҳои гуногуни умумибашарӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва як қатор дигар ҷараёнҳои халалдоркунандаи осоиштагӣ идома доранд. Дар ин марҳила, гӯруҳҳое фаъоланд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳо имрӯз низ идеяҳои ҷинояткоронаро бо роҳи фирефтасозӣ дар афкори мардум ҷой доданӣ мешаванд. Маҳз, дониши баланди сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва огоҳ будан аз равандҳои ҷаҳонӣ, ки дар маҷмуъ зиракии сиёсӣ мебахшад, метавонад хатари ба доми ҳар гуна идеяҳои номатлуб афтоданро коҳиш диҳад.
Дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки ҳама гуна андешаву идеология метавонад ба ҳаёти ҳар фард таъсири манфӣ расонад, танҳо бо такя ба имконоту иқтидори давлат ва иродаи мустаҳками мардум, метавон пеши ҷараёнҳои номатлуб ва амалӣ шудани нақшаҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпешаро гирифт.
Идиев Азизулло,
мудри бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ