• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дастаҷамъона мубориза мебарем

Migration Service by Migration Service
19.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дастаҷамъона мубориза мебарем
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарафзо мебошад, ки мубориза бо он вазифаи муҳимми мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини мамлакат ба шумор меравад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, мубориза бо коррупсия бояд пайваста, дастаҷамъона ва бомасъулият сурат гирад.

Коррупсия яке аз падидаҳои қадимӣ дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ буда, тӯли таърих шаклҳои худро тағйир дода, дар замони муосир хусусиятҳои нав гирифтааст. Имрӯз ин мушкилот ба монеаи ҷиддии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву ҳуқуқии давлатҳо табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки зидди он чораҳои мушаххас андешад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин самт ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид кардааст.

Дар доираи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия, як қатор стратегияҳои муҳими зиддикоррупсионӣ амалӣ шудаанд, аз ҷумла: “Стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2008–2012”, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013–2020” ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 тасдиқ гардидааст.

Соли 2026 татбиқи амалии марҳилаи навбатии Стратегияи мазкур идома дорад. Мақсад аз қабули ин Стратегия баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, фароҳам овардани муҳити тоқатнопазирӣ нисбат ба амалҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани омилҳои он мебошад.

Муътақидем, ки танҳо тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, содиқ будан ба арзишҳои миллӣ ва рушди тафаккури зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа метавон ба ҳадафҳои ниҳоӣ – коҳиши шиддати коррупсия ва таҳкими адолат дар ҷомеа ноил гардид.

Мубориза бо коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшинос буда, татбиқи самараноки сиёсати зиддикоррупсионӣ танҳо дар ҳамбастагӣ ва бо иштироки фаъолонаи ҷомеа имконпазир аст.

Урунбоев Б, Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен

Previous Post

Мубориза бо хуруфот ва хуруфотпарастӣ!

Next Post

Пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб – вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯст мебошад

Next Post
Пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб – вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯст мебошад

Пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб - вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯст мебошад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.