• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Сардори Хадамоти муҳоҷират” ҷамъбаст гардид

Migration Service by Migration Service
11.06.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Сардори Хадамоти муҳоҷират” ҷамъбаст гардид
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади ҷонибдорӣ аз ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эьлони Рузи ҷаҳонии футбол, ки ҳамасола рӯзи 25 май баргузор мегардад, баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон бозии футболи хурд миёни дастаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират барои дарёфти “Ҷоми Сардори Хадамоти муҳоҷират” аз санаи 04 то 07 июни соли 2024 дар майдончаи варзишии Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид, ки дар фазои тантанавӣ мусобиқаи мазкур ҷамъбаст шуд.

Дар ин мусобиқа 6 тими футболи кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иштирок карда, байниҳам рақобат намуданд.

Баъд аз бозиҳои дӯстона миёни дастаҳо айён гардид, ки дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират сазовори ҷойи якум, дастаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм ва дастаи МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот иштирок намуданд.

Дар зимн аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ба дастаҳои ғолиб медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар интиҳо таъкид шуд, ки мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим аз пештара бештар диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои рушди соҳаи варзиш тадбирҳои тозаеро роҳандозӣ намоем.

Бояд тазаккур дод, ки воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат мебошанд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «варзиш қосиди сулҳ, муаррифи давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони мамлакат бо ҷаҳон мебошад».

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳи роҳи оҳан

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар идома дорад

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар идома дорад

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.