Мардуми диёри азизамон аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолон, намояндагони ҷомеа, олимон ва ходимони дин ба худ бардошти калон гирифтанд.
Пешвои миллат дар мулоқот бо масъулини ходимони дин суханони бениҳоят арзишманд гуфтанд.
Масъалаҳое, ки таҳти баррасӣ қарор доданд, муҳим буда, водор мекунад, ки минбаъд низ ҳар масъули вазифа ва шаҳрванд ба қонун ҷиддӣ муносибат кунад.
Тибқи нуктаҳои асосии суханронии Сарвари кишвар ҳоло ҳам дар бобати гузаронидани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Мо бояд аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ даст кашида, тибқи меъёрҳои муайяншудаи қонун амал намоем.
Бо ин таассубкорӣ мо садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии шоистаи мардум мегардем.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Қонун марому мақсад ва орзуву омоли чандинсолаи шаҳрвандонро дар худ таҷассум намудааст, зеро барои таъмини зиндагии ободу осуда ва саодати халқ равона гардидааст.
Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросими гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд.
Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид карданд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти онҳо аз байн рафта, ба маросими мушкил, маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфт.
Бинобар ин бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки мавриди амал қарор дорад.
Дар ин вақт қонуни мазкур воқеан ҳам исбот намуд, ки қабули он саривақтӣ ва ба нафъи мардум буда, чандин маъракаи серхароҷот ва нозарур аз байн бурда шуда, давомнокии маросим, шумораи даъватшудагон ва дигар ҷашну маросим ба танзим дароварда шуданд.
Новобаста ба мушкиливу монеаҳо аҷдодони бохираду дурандеши мо ҳазорсолаҳо урфу одати миллии худро нигоҳ дошта, ҳифз намуданд ва ба мо мерос гузоштанд.
Дар хулоса метавон гуфт, ки таъкиди Пешвои миллат барои ҳифзи Истиқлолият, рушди давлати дунявӣ, таъмини ҳамзистии пайравони дину мазҳабҳо дар кишвар, аз байн бурдани ҷаҳлу ҳурофот, бегонапарастӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ муҳимтарин самтҳое ҳастанд, ки амалӣ намудани онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўст мебошад.
Алии Эмомалӣ,
сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Хадамоти муҳоҷират