Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба масъалаи ташкили корхонаву коргоҳҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, бакорандозии иқтидорҳои истеҳсолии аз фаъолият бозмонда, ба касбу замономӯзӣ ва меҳнати фоиданок ҷалб намудани аҳолии бешуғл, ҳамзамон мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм эътибори махсус доданд.
Қобили қайд аст, ки дар доираи вазифаҳои хизматӣ ва имкониятҳои мавҷуда Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар самти мазкур корҳои муайянро ба иҷро мерасонад.
Дар робита ба ин, чунин як вохӯрии судманд бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла муҳоҷирони эҳтимолӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ карданд, пурра ба мавзӯи муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм, ворид гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бахшида шуд.
Зимни вохӯрӣ ба ҳозирин оид ба қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва меъёрҳои қонунгузории Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷират, инчунин, оид ба хатарҳои ҷаҳони муосир маълумот дода, аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки ҳаргиз фирефтаи иғвою дасисаҳои душманону бадхоҳони миллат нашаванд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Ҳамзамон ба ҳозирин рӯйхати ҷойҳои холии корӣ дар ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” бо номгӯи пурраи ихтисосҳо, шароити корӣ, меъёри музди меҳнат, талаботи корфармо пешниҳод карда шуд.
Дар хотимаи суҳбат ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ буклетҳо бо мазмуни: “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”, Китобчаи кисагии муҳоҷири меҳнатӣ, Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?, Тағйиротҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, бо забони тоҷикӣ супорида шуд.
Чунин вохӯриҳои судманд бо сокинони пойтахт ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе