• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Диққат ба корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дода мешавад

Migration Service by Migration Service
14.11.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯзҳо тамоми фаъолияти кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба тағйироту иловаҳое, ки ба қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дароварда шудаанд, равона гардидааст.

Кормандони Шуъба бо мақсади беҳтар ва амиқтар фаҳмонда додани навгониҳои қонунгузории Федератсияи Россия, ҳамарӯза дар “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе” нақша – чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷиратро таҳия намуда онро давра ба давра амалӣ гардонида истодааст. Диққати асосӣ бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар байни ҷавонон мебошад, чунки нисфи зиёди шаҳрвандоне, ки нияти сафар кардан ба кишвари Россия тавассути қатора доранд, ҷавонон ташкил медиҳад. Зимни вохӯриҳо бо шаҳрвандони мамлакат-муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба тартиботи нав ҷорӣ гардида оид ба самти муҳоҷират дар Федератсияи Россияро муфассал шарҳ медиҳанд.

Диққати асосӣ ба он равона мегардад, ки минбаъд муҳоҷирони меҳнатие, ки нияти кор кардан дар Федератсияи Россия доранд, бояд роҷеъ ба забони русӣ, асосхои конунгузорӣ ва таърихи Россия дониши кофӣ дошта бошанд, чунки дар баробари дигар ҳуҷҷатҳо оид ба гирифтани патент, ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ бояд Сертификат оид ба донистани забон, таърих ва асосҳои қонунгузории Россияро пешниҳод намояд. Ҳамзамон ба ҷавонон оид ба тарзи пур кардани ҳуҷҷатҳои лозима дар фурудгоҳ ва истогҳи роҳи оҳан, муҳлати берункарда шуда (депортатсия), донистани ҳуқуқ ва манфиатҳои худ, гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва дигар масъалаҳои муҳими тартиботи сафар ба мамлакатҳои хориҷа маълумоти муфассал дода мешавад.

Дар рафти вохӯрӣ кормандони Шуъба ба саволҳои шаҳрвандон оид ба тартиби дарёфт намудани кор аз рӯи ихтисос, робита бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар субъектҳои Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, эътибори шаҳодатномаҳо ва дипломҳои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат, намуди маълумотномаҳои тиббӣ ва дигар масъалаҳои барои муҳоҷирон муҳим чавобҳои мушаххас доданд.

Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Танҳо ба манфиати муҳоҷирон

Next Post

Вохӯрии судманд дар ҷамоатҳои деҳотӣ К. Исмоилов ва Н. Розиқ

Next Post

Вохӯрии судманд дар ҷамоатҳои деҳотӣ К. Исмоилов ва Н. Розиқ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.