• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Доғи ҷомеаи имрӯза

Migration Service by Migration Service
29.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Доғи ҷомеаи имрӯза
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Терроризм ва экстремизм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваста аст. Экстремизми тундрав аз андоза гузашта ба терроризм меорад. Истилоҳи терроризм аз калимаи лотини “террор” сарчашма гирифта маънояш тарсу ваҳм аст. Террористон мехоҳанд мақсаду маромҳои нопоки худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳм ва ноумедӣ афканда аст. Дар замони мо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.

Ба ақидаи аксарияти муҳаққиқон сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Терроризм ва экстремизм беш аз ҳар вақта авҷ гирифта бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳоншавӣ муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои ҳурофотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносии Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост.

Мутаассифона, дар тӯли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқӯъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардидаанд. Чунин низоъро имрӯз мо метавонем дар Сурия мушоҳида кунем, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ дорад. Гурӯҳҳои террористӣ бо амалҳои номатлуби худ ҷомеаи ҷаҳониро ноором месозанд. Вазъияти ҷвҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем.

Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботу сиёсии ҷомеа мо ҳам бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар амали он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҳар як сокини сайёраи Замин аст.

Мақсади мо сокинони кишвар аз нигоҳ доштани рисолаи мазкур низ дар ҳамин аст, то ки мазмун ва мундариҷаи ғояҳои хатарноки равияҳои номатлуби хислати экстремистӣ ва террористӣ – доштаро ба доираи васеи хонандагон, махсусан ҷавонон, дастрас намуда, собит созем, ки равияҳои мазкур барои ҷомеаи мо тамоман хатарнок ва бегона буда, пайрави ба он оқибатои сангин ба бор меорад.

Ғафурзода Исмоил,

Сардори шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Пешгирии терроризм ва экстремизм

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шуд

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шуд

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.