• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дод аз дасти ҷаҳлу ифрот

Migration Service by Migration Service
13.11.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дод аз дасти ҷаҳлу ифрот
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Миллати барӯманду кӯҳанбунёди тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳои давлатдориаш борҳо ба ҷаҳлу ҷаҳолату разолат, таассуб, ришвахурию экстремизм ва макру ҳилаҳои диндорону ифротгароён рӯ ба рӯ шудааст ва онҳо дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ мехостанд ба суботи давлатдорӣ латма ворид намуда, халқро ғуломи худ намоянд ва садди роҳи тараққиёту пешрафт буданд.

Хатару таҳдидҳои дар боло номбаршуда сараввал ба онҳое таъсир мегузорад, ки ақлу хирад, донишу маърифат, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ надоранд ва танҳо аз тақлид истифода мебаранду халос.

Чунин инсонҳо аз худшиносӣ, инсонпарварӣ, ватандӯстию садоқат огоҳӣ надоранд ва кӯр-кӯрона умр ба сар мебаранд. Онҳо аз барномаҳои давлатдорӣ, шоистагии зиндагӣ огоҳ нестанд ва гӯё чархи таърих ба мароми онҳо пеш меравад.

Бояд ба қадри арзишҳои фарҳангӣ – маънавии миллат расид, ҷаҳон, давр, замон ҳар лаҳза дигар мешавад ва мувофиқи талаботи давру замон бояд амал намуд.

Бисёрии фарҳангиёну аҳлу адаби давру замонҳо ба арзишҳои инсонӣ ҳамроз будаву тараннумгари зиндагии шоиста буданд, вале таассубгарону ифротиён бо макру найрангҳо садди роҳи онҳо мешуданд.

Айни замон мубориза бо падидаҳои номатлуб ба як масъалаи фарогир табдил ёфтааст, зеро дар дунё кишваре нест, ки ба ин мушкилот дучор нашуда бошад ва баҳри решакан кардани он муборизаи сартосарӣ мебояд.

Онҳое, ки ба ифротгароӣ даст мезананд, асосан ононе мебошанд, ки барояшон муқаддасот, арзишҳои миллӣ, зебоӣ, маданияту санъат, фарҳанг, урфу одат, расму оин ва хираду дониш арзиш надорад.

Омили асосии ба ифротгароӣ майл намудани он шахсон ҷоҳилӣ, бедонишӣ, бефарҳангӣ, бемаърифатӣ, тақлидкорӣ аз амалҳои ғайриинсонӣ мебошад.

Терроризм ва экстремизми динӣ имрӯзҳо вирди забони мардум гардидааст ва ин мафҳумҳо бо ҳам пайвастагиҳои комил доранд. Фаъолияти ин ташкилотҳою гурӯҳҳои тундрав боиси маҳдуд шудани озодӣ, ободӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон мегарданд ва боиси афзоиши мушкилоти равонӣ ҳам мешаванд.

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии динӣ ва дигар ташкилотҳое, ки ҳадаф ё амали онҳо ба анҷом додани фаъолияти экстремистӣ нигаронида шудааст, қонунан манъ аст.

Аммо ифротгароӣ босуръат тағйир ёфта, усулҳои хатарноку харобиоварро ба кор мебаранд. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки фазои ороми мамлакати моро халалдор намоянд, аз хориҷи кишвар истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи давлати моро, ки сулҳу суботро таъмин кардааст, ноҷавонмардона танқид мекунанд, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб медиҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати хеш мағзшӯӣ мекунанд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб сатҳи пасти дониш, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон, боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад.

Барои тантанаи адолат ифротгароёнро бояд маҳкум намуд, ба ин вабои аср муборизаи беамон бояд бурд. Бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар падидаҳои номатлуб мубориза хоҳад бурд ва чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои решакан кардани онҳо бо барномаҳо ва қонунҳои мушаххаси хеш барои рафъи ҳаматарафаи ноқисиҳо дастҷамъона муборизаро идома хоҳад дод.

Сафаров Фаридун,

Мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Президенти мо – ифтихори мо!

Next Post

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия таҳти унвони «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш» доир гардид

Next Post
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия таҳти унвони «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш» доир гардид

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия таҳти унвони «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш» доир гардид

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.