Ҷараёни ҷаҳонишавӣ раванди муҳоҷирати меҳнатиро низ такон бахшидааст, имрӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба хориҷи дуру наздик ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ризқу рӯзии худ ва аҳли хонаводаашонро пайдо намоянд ва ҳамзамон ҷаҳонбинии хешро низ васеъ гардонанд, аммо…
Мутаассифона, на ҳамаи шахсоне, ки майлу хоҳиши дар хориҷи кишвар кор кардан доранд, роҳҳои пайдо кардани кор дар хориҷи кишварро намедонанд ва бо сабаби надоштани иттилооти зарурӣ аксаран ба доми қаллобон афтида, ба ғуломии шаҳвонӣ ё меҳнатӣ гирифтор мешаванд.
Барои аз чунин хатарҳо дар амон мондан шумо бояд нозукиҳои пайдо кардани кор дар хориҷи кишварро бидонед. Барои ёфтани кор дар хориҷа ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Имрӯз роҳҳои пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар хеле зиёданд. Шумо метавонед ба воситаи барномаҳои махсусе, ки бештари давлатҳои аврупоӣ доранд, тариқи интернет барои худ дар ин ё он кишвар кори муносиб ёбед. Ширкатҳои махсусе низ ҳастанд, ки хоҳишмандонро барои кор ба давлатҳои хориҷӣ мефиристанд.
Нияти ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро дошта бошед, пас ин маслиҳатҳо барои шумост: Ба ваъдаҳои одамони ношинос ва ҳатто дӯстону рафиқонатон дар бораи кори сердаромад дар ин ё он давлати хориҷӣ ба осонӣ бовар накунед, зеро дар аксари ҳолатҳо чунин ваъдаҳо танҳо доми фиреб буда, оқибаташон афтодан ба ғуломии меҳнатӣ ё шаҳвонӣ мебошад. Роҳи беҳтарин ва бехатари ёфтани кор дар хориҷа муроҷиат намудан ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва МД “Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа”, ки тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоед.
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар ҳолати пайдо шудани ҳолатҳои қаллобӣ ба суроғаи зерин: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 муроҷита намуда, ба рақами хатти оҷилӣ 900800800 занг занед.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

