Душанбе бузургтарин шаҳри Тоҷикистон ва пойтахти бошукӯҳи он мебошад. Шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар буда, дар ин ҷо майдонҳо, биноҳо, муҷассамаҳо ва осорхонаҳо аз таърихи бостон, санъати меъморӣ ва тамаддуни ин сарзамин қисса мекунанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт. Ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳонгардон мегардад.
То имрӯз Душанбе таърихи тулонии рушду ташаккулро аз сар гузаронда, ҳамчун як маркази сайёҳии бо таърихи ғанӣ ва фарқкунанда тараққӣ мекунад. Муддати қарнҳо Душанбе як шаҳраки хурди савдо буд. Инқилоби Октябр онро ба пойтахт табдил дод. То пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ, шаҳр рушди босуръати саноатӣ дошт. Дар солҳои минбаъда Душанбе бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи бозсозӣ ва тараққиётро пеш гирифт. Солҳои охир шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ давраи эҳёи устуворро мегузаронад. Имрӯз шаҳр маҷмуи аълои анъана ва бинишҳои муосири меъморӣ ва ороиширо мемонад. Алҳол Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат аст, балки шаҳри воқеии сайёҳиву фароғатӣ мебошад. Азбаски мавзеъҳо ва ҷойҳои сайёҳӣ дар маркази пойтахт мутамарказ шудаанд, метавон аз онҳо озодона ва ба осонӣ дидан намуд.
Вақте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем, гулгашту хиёбонхои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд.
Шукронаи ваҳдат ва тинҷию оромӣ, ки Душанбе рӯз то рӯз симои худро дигар мекунад. Биноҳои зебои замонависохт имрӯзҳо ба ҳусни зебои шаҳр ҳусни тозае зам мекунад. Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.
Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025” шаҳри Душанбе бо истифода аз имконияти мавҷуда рушд намуда, раванди корҳои ободонӣ, созандагӣ ва сабзазоркунӣ сабаби саросар сабзу шукуфон ва гулафшон гардидани пойтахт хоҳад гашт.
Дар хулоса бояд гуфт, ки имрӯз миллати тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ба сифати иштирокчии комилҳуқуқ фаъолият намуда, орзуву ормони ҳазорсолаи халқашро амалӣ менамояд. Аз замони дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, узвият ба Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол расман эътироф кардааст. Ин худ нишони дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудани шаҳри зебои Душанбе мебошад.
Абдушаҳидов Ҳумоюн,
Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

