• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Uncategorized

Эъломияи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва оғози бунёди давлати        навини Тоҷикистон

Migration Service by Migration Service
01.09.2025
in Uncategorized, Хабархо, Хабарҳо
0
Эъломияи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва оғози бунёди давлати        навини Тоҷикистон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ- умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ-сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад. Қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарб ва шарқ ба масофаи 700 км ва аз шимол ва ҷануб ба масофаи 350 км тӯл кашидааст. Дар шимол Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон ва қисман бо Ҷумҳурии Қирғизистон, дар ҷанубу шарқ дар тӯли 430 км бо Ҷумҳурии мардумии Чин ва 1030 км бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон 142,9 ҳазор километри мураббаъ буда, 93 дарсади онро кӯҳсор ва танҳо 7 дарсадашро водиҳо ташкил медиҳанд.

Аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 10 млн. 497 ҳазор нафарро ташкил дода ва пойтахти он шаҳри Душанбе мебошад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист ва беш аз 70 дарсади аҳолии кишварро тоҷикон ташкил медиҳанд. Шакли идоракунии Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ буда, сарварии давлатро Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, ки аз тарафи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ интихоб гардидааст.

Дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ нуфузу эътибори хосса дошта, аз ҷониби бештар аз 170 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Миллали Муттаҳид буда, дар 30 давлати хориҷӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дорад  ва дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои дипломатии 23 кишвари хориҷӣ ва беш аз 20 ниҳодҳои тахассусии СММ, созмонҳои байналмиллалӣ ва намояндагиҳои ниҳодҳои байналмиллалии молиявӣ фаъолият доранд.

Аз ин маълумоти мухтасар маълум аст, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати комилан мустақил аст ва роҳу равиши тараққиёт, самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад.

Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул шудааст. Дар моддаи 1-уми Эъломия таърифи мафҳуми Истиқлоли давлатӣ “ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ” сабт гардид. Ин таърифи истиқлолият қадами ҷиддие ба суйи мустақилияти комил буд. Бо вуҷуди он, ки дар Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва дар доираи салоҳияти он тасаввур мешуд, андешаҳое баён гардиданд, ки моҳиятан ифодакунандаи давлати озоду мустақил буданд. Чунончи, ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба сарватҳои миллӣ, замин ва сарватҳои зеризаминӣ, низоми бонкӣ, мустақилона муайян кардани сиёсати молия, қарз, нарх ва ғайра. Инчунин, ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ баробарҳуқуқ эълон шудаанд. Бори нахуст андешаи таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ баён гардид.

Муҳимтарин меъёрҳои ҳуқуқии Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади нахустини ҳуқуқии давлати тозабунёди Тоҷикистон аз инҳо иборат буданд:

   – ҳукмравоии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

   – моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани ҳама корхонаву муассисаҳои давлатӣ, воситаҳои асосии истеҳсолӣ, муомилоти фондҳо ва дигар амвол.

Ҳамин тариқ, дар таърихи давлати Тоҷикистон санаи 9- уми сентябри соли 1991 рӯзи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Ҳар сол дар ин рӯзи муборак аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҷашни Истиқлолро бо шукӯҳи шаҳомати хосса қайд мекунад ва ин рӯз истироҳат эълон шудааст.

Маънии Истиқлолиятро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ шарҳ додаанд: “Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад”.

 Ҷабборова Дилафрӯзхон,                 

 Мутахассиси шуъбаи  Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд

Previous Post

Корҳои иттилоотию – фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад

Next Post

Суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор

Next Post
Суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор

Суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.