Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонем!
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандонро санаи 27 феврали 2025 соати 10:00 барои иштирок дар мусоҳиба ва машварат бо кордиҳанда даъват менамояд. Самти корӣ хизматрасон буда раводиди кории 2 сола, ҷойи хоб, се вақт хӯрок ва чиптаи ҳавопаймо (билет) аз ҷониби корфармо дода мешавад.
1. Сину сол аз 21 то 35 сола;
2. Донистани забони англисӣ ё арабӣ
3. Музди меҳнат 2500 риёл, (700 доллар);
4. Надоштани доғи судӣ;
Макони баргузории мусоҳиба ва машварат бинои Муассиси давлатии “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе воқеъ дар суроғаи ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, куч. С. Айнӣ 121, телефон барои маълумот: 225-05-75; 225-02-21
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират