КОР ДАР ҶУМҲУРИИ ГУРҶИСТОН (ГРУЗИЯ)
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳишмандонро ба кор ба Ҷумҳурии Гурҷистон дар самти бурдарасонӣ (доставка) даъват менамояд. Ҳамаи хароҷотҳо аз қабили харидории чипта, хурок ва ҷои зист аз ҳисоби худи шаҳрванд пардохт карда мешавад. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ 1 сол пешбинӣ гардидааст.
Сину сол аз 18 то 45 сола
Музди меҳнат зиёда аз 6 доллари амрикоӣ дар як соат
Надоштани доғи судӣ
Доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (категорияҳои А ва В)
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки барои бақайдгирӣ вобаста ба кор ба Муассиси давлатии “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе воқеъ дар суроғаи ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, куч. С. Айнӣ 121 муроҷиат намоед.
Телефон барои маълумот: 225-05-75; 225-02-21; +992938131372 (WhatsApp) (Рӯзҳои корӣ аз душанбе то ҷумъа аз 800 то 1700)

