Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба баст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобуди қарор дошт. Ва маҳз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат Артиши миллӣ таъсис дода шуд, ки дар таҳкими пояҳои давлату давлатдорӣ нақши ҳалкунанда бозид. Бо гузашти 33 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, Артиши миллии Тоҷикистон ба як нерӯи боэътимоди дифоӣ ва рамзи ифтихори миллии давлат табдил ёфтааст. Ҷавонон ҳамчун насли ояндасоз бояд дар таҳкими Артиши миллӣ саҳмгузор бошанд ва бо садоқат ба Ватан барои ҳифзи истиқлолият ва суботи кишвар омода бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузург ва сарнавиштсоз доранд. Дар даврони душвор ва печидаи таърихӣ, вақте ки кишвар дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва сохторҳои ҳокимият фалаҷ шуда буданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, бо иродаи қавӣ ва сиёсату тадбирҳои хирадмандона тавонистанд Артиши миллиро аз сифр таъсис диҳанд ва онро ба як нерӯи боэътимоди мудофиавӣ табдил диҳанд.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст истиқлоли кишвар, тамомияти арзӣ ва суботи давлатро ҳифз намояд. Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон дорои қувваҳои хушкигард, зудамал, дохилӣ, ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Гвардияи миллӣ ва сохторҳои дигари низомӣ мебошад, ки дар таъмини субот ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар нақши калидӣ мебозанд. Ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубориза бо терроризму экстремизм ва таъмини амнияти дохилӣ аз вазифаҳои муҳими Артиши миллӣ маҳсуб мешаванд.
Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан, дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад. Дар шароити тағйирёбандаи геополитикӣ, таҳдидҳои нав, аз ҷумла терроризм, ҷанги гибридӣ ва нооромиҳои минтақавӣ, зарурати тақвияти нерӯҳои мусаллаҳро бештар месозанд. Аз ин рӯ, ҳамкории низомӣ бо кишварҳои дӯст, мустаҳкамсозии иқтидори мудофиавӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ аҳамияти стратегӣ касб мекунанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо як вазифаи шаҳрвандӣ, балки нишонаи садоқат ба Ватан ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.
Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули тадбирҳои иловагӣ, аз ҷумла такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарону сарбозон ва бо техникаи муосир муҷаҳҳаз сохтани Қувваҳои Мусаллаҳ, барои рушди минбаъдаи Артиши миллӣ талош меварзад.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

