Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти сиёсати ҳамҷавории нек, риштаҳои анъанавии дӯстӣ, муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, эътимоди ҳамдигарӣ ва дарки умумияти ҳалли масъалаҳои мубрами миллию минтақавӣ аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли давлатии хеш муносибатҳоро бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор дода, барои рушду тавсеаи ҳарчи бештари онҳо пайваста талош меварзиданд.
Илова бар ин Пешвои миллат ҳамкории фарогири минтақавиро ҳамчун муҳимтарин василаи ҳалли масъалаҳои сиёсию амниятӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори сулҳу субот, рушди устувори минтақа, ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошанд.
Маҳз ҳамин талошҳо сабаб шуданд, ки имрӯз дар минтақаи мо фазои ҳамгироӣ ва дарки умумияти тақдиру сарнавишти давлатҳо ва мардумони онҳо торафт тавсеа ёфта, нақши Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии муваффақ ва ботаҷриба дар пойдории субот, рушди ҳамкорӣ, инчунин тавсеаи ҳамгироии созанда дар минтақа эътироф гардидааст.
Далели ин гуфтаҳо дар он зоҳир мегардад, ки 6 августи соли 2021 дар асоси Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд, ки аҳамияти хеле бузург дорад.
Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор донистани ин мукофоти олӣ нишони арҷгузорӣ ва қадрдонии беандоза аз хидматҳои шоистаи ин сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талош меварзанд, ба ҳисоб меравад.
Шарафёбӣ ба ин мукофоти олӣ бори дигар эътибору нуфузи ин марди хирад, сиёсатмадори оқил, пешвои ваҳдатофарро дар арсаи байналмилалӣ тасдиқ намуда, эътирофи усули давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати эҳёгари Тоҷикистони навин ва мустақил, инчунин ташаббускори ибтикороти минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.
Илова бар ин, қадршиносии мазкур бори дигар собит сохт, ки тоҷикон яке аз миллатҳои куҳанбунёд буда, дорои таърихи тӯлонии давлатдорӣ мебошанд, ки таҷрибаи давлатдорӣ ва идории давлатии худро ба халқу миллатҳои дигари минтақа омӯзонида, пойдории моҳияти онро асрҳо нигоҳ доштаанд.
Бояд гуфт, ки таъсири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муҳим ва калидӣ дошта, дар сулҳу субот ва рушди инкишофи минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда мегузорад.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми тамоми талошу фаъолияти байналмилалӣ, ки ба решакан намудани зуҳуроти номатлуб нигаронида шудааст, фаъолона иштирок намуда, ба яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ табдил ёфтааст.
Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо хатари ифротгароӣ ва терроризм буда, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои берун аз ҳудуди онро аз оқибатҳои фоҷиабори ин падида ҳифз менамояд. Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ таҷриба ва саҳми бузург дорад, ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ҳамчун давлати пешсаф ва ташаббускор дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Илова бар ин бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи шахсиятҳои варзидаи олам мақоми шоиста доранд. Чеҳраи сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари сиёсии муваффақ эътироф намуда, гуфтан мумкин аст, ки Президенти Тоҷикистон дар баробари хизматҳои шоён ба миллату давлати навини тоҷикон боз пешоҳанги ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ низ мебошанд.
Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша бо пешниҳоду ташаббусҳои асосноку созанда, пеш аз ҳама, ба таъмини амният ва рушди муштараки устувор, таҳкими ҳамкорӣ ва робитаи байни давлатҳо, инчунин баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халкҳои минтақа равона гардидаанд.
Ташаббус ва таклифҳои мубрами байналмилалие, ки Тоҷикистон пешниҳод намудааст, бо дарназардошти вазифаҳои муштараки мамлакатҳои минтақа дар рафъи чолишҳо ва таҳдидҳои муосири бавуҷудомада саривақтӣ ва воқеӣ мебошанд. Ташаббуси дигари муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ин ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обу иқлим ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки беш аз 60 дарсади манобеи оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Вобаста ба ин дар даврони истиқлол бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 10 қатънома дар бораи об қабул намуд. Қатъномаҳои мазкур дар пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳм гузошта, дар ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳалли онҳо саҳми арзанда гузоштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти обро барои истифода ва зиндагии муштараки давлатҳои минтақа дарк намуда, ба СММ ташаббуси наверо оид ба эълони “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳод намуданд, ки якдилона қабул гардид. Ин ташаббуси Президенти Тоҷикистон як платформаи беназир ва муҳимми ҳамкории ҷаҳонӣ буда, метавонад дар таъмини амнияти иқлимӣ дар тамоми сайёра саҳми арзанда гузорад.
Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор намудани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба арзёбии фарогири ниҳоии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018- 2028 пазируфт.
Хулоса, метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Сарвари сиёсии муваффақ, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, кафили ҳифзи манфиатҳои миллию минтақавӣ ва обрӯю эътибори миллати тоҷик дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мебошанд.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

