Эътирофи мактаби сулҳофарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ


(Дар ҳошияи ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036”)

    Имрӯз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати шарафманду сарбаланди тоҷик бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки сулҳ муқаддастарин ва азизтарин неъмат, чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ мебошад.

Аз ин рӯ, мо ба қадри заҳматҳои сулҳофарини Пешвои тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, бояд ҳисси баланди худшиносӣ ва ифтихори миллии тоҷикона дошта бошем, ба мисли ниёгонамон барои эҳё ва ободии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем. Мо бояд ҳеҷ вақт фаромӯш накунем, ки тоҷик ҳастем, як замин, як забон, як Ватан дорем, ки он Тоҷикистони биҳиштосо аст.

Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо бо ин ваҳдату истиқлолияти давлату миллати хеш фахр мекунем, шукрона мекунем, ки мардуми соҳибваҳдатем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин карда метавонад. Аз ин рӯ, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расида тавонем. Ваҳдат барои миллати мо шарафу номус аст ва шояд он бузургтарин дастоварди миллати шарафманди тоҷик маҳбус ёбад, ки ба бисёр миллату халқиятҳои ҷаҳон муяссар нашудааст.

Мо дар асл бояд фаромӯш накунем, ки сулҳу салоҳ неъматҳои волотаринанд ва ҳифзу пойдории онҳо вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯсти Тоҷикистони азиз маҳбус мешавад. Аз ин рӯ, гуфта метавонем, ки “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036” натанҳо хурсандии давлати мост, балки тавлиди ҳар як фарди кишвар, ҳар як фарди тоҷик аст. Барои миллати мо беҳтарин дастоварди даврони истиқлолият ба шумор рафта, ҳеҷ гоҳ моҳияти хешро аз даст нахоҳад дод. Арзиши дар қалби мо ва наслҳои оянда абадан боқӣ хоҳад монд.

Бо қабули ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 25-уми июни соли 2026 дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036” саҳифаи тозае дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол кушода шуд.

Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунад. Яке аз санаҳои арзишманд ва маҳбубтарину бошукуҳтарин ин дар сатҳи ҷаҳонӣ эълони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036” буда, шоиста аст, ки ҳамчун рӯзи наҷоти милёнҳо нафар сокинони Саёра ёдовар шавем.

Ёдовар шудан бо маврид аст, ки  ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эълон гардидани солҳои 2027 – 2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” ба беҳбудии рӯзгор, сулҳ ва саодати халқҳо нигаронида шудааст. Дар ин замина, хотиррасон менамоям, ки эътироф шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи равшани эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хизматҳои мондагори Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкориҳои дӯстона миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои пойдории сулҳи абадӣ мебошад.

Воқеан, ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи вобаста ба “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” дар рӯзномаи ҷаҳонӣ мақоми хосса пайдо намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст ва мавриди баррасии дақиқ қарор гирифта, ин ташаббуси байналмилалӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт.

Зикр менамоям, ки пешниҳоди нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид заминаҳои саривақтӣ вобаста ба дарки масоили мубрами ҷомеа буда, роҳҳои хубтару беҳтар барои пешгирӣ ва мубориза бо чунин хатарҳо кӯмак хоҳад расонд. Ҳамин муҳаббату дилбастагии Пешвои муаззами миллат аст, ки имрӯз чун роҳбари дилсӯз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо муаррифӣ гардидаанд.

Дар ин робита, Чингиз Айтматов нависандаи шуҳратёри қирғиз, шахсияти Сарвари давлати моро чунин тасвир кардааст: “Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман марди ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд”. Ин нависандаи забардаст дар шахсияти Президенти маҳбуби кишвар, дар умум, ба хулқи инсонпарваронаи миллати тоҷик баҳои баланд додааст. Ин нукта бори дигар ишора ба он дорад, ки дурахши шахсияти тобноки Эмомалӣ Раҳмон обруи ҳар як тоҷик аст. Аз ин рӯ, мо бояд бо рафтору амали намунавиамон собит созем, ки меросбари таъриху фарҳанги бойи ниёгони хеш ҳастем ва ба ҳеҷ ваҷҳ нагузорем, ки ба номи миллат ва исми пуршарафи тоҷик доғеву газанде бирасад.

Дар ҳақиқат, Пешвои муаззами миллат, ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, қаҳрамони ҳамаи арсаҳо ҳастанд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаашон кулли соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуд. Дар ин маврид шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат доир ба фидокориҳои роҳбари давлати тоҷик ибрози ақида намудаанд. Аз ҷумла, собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф зикр намудаанд, кӣ: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни давлатҳоямон ва халқҳоямон ҳамчун пули бузурги пайвандгар хизмат карда, собит намуд, ки метавонад, халқи тоҷикро ба сӯи фардои дурахшон барад”.

Зикр менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳёи давлат, таҷассуми иродаи миллӣ ва меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон мебошанд. Мо ҷавонони саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодаанд, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қадрор гирифтааст. Ҳамаи ин аз болоравии обрӯ ва эътибори Сарвари давлати мо дар миқёси байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори Пешвои муаззами миллат албатта ин обрӯю эътибори миллат аст, ки дар миқёси байналмилалӣ барои халқу Ватани мо аҳамияти бузург дорад.

Маҳз ҳамин Ваҳдати миллӣ буд, ки ҳисси ватандории ҳар як шаҳрвандро бедор намуда, рӯ ба сулҳ ниҳоданд. Дар марҳилаи кунунӣ боло бардоштани сатҳи маърифати худогоҳӣ ва арзишҳои Ваҳдати миллӣ дар зеҳни ҷавонону наврасон ниҳоят кори муҳим ва барои имрӯзу ояндаи миллат пурарзиш ба ҳисоб меравад. Воқеан сулҳу субот, ваҳдат ва оромӣ, ки имрӯз аз дастоварди бузург ба ҳисоб мераванд, маҳз бо иродаи сиёсӣ ва нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ба вуқуъ пайваст. Дар ин замина, ҳамин таҷриба ва дастоварди навбатии таърихӣ дар самти побарҷо намудани сулҳ ва амнияти сиёсӣ заминаи устувори татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллатро ташкил менамояд. Ҳамзамон, воқеияти ҷомеаи имрӯза бозгӯйи ҳамфикрӣ ва хиради баланди тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллат бо мақсади ободиву ояндаи дурахшони диёри маҳбубамон сарҷамъ шудаанд.

Хулоса, зарфи 35 соли соҳибистиқлолии Ватани азизамон мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, бо тамоми қудрату тавон барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии Ватан ва таъмини некӯаҳволию осоиши ҷону тани худ камари ҳимматро мустаҳкам баста, бо ҳидояту роҳнамоиҳои меъмори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ мекунанд. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба комёбиҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маънавие ноил гардад.

Танҳо бо шарофати сулҳу созиш ва Ваҳдати миллӣ чеҳраи мунаввару хирадмандона, қалби пурмеҳр ва руҳи шикастнопазири халқи тоҷик пеши назари тамоми ҷаҳониён таҷаллӣ намуд. Мафҳуми истиқрори сулҳ, истиқлоли миллӣ имрӯз баҳри мо муқаддасанд. Мо Рӯзи Ваҳдати миллиро чанде пеш дар як сатҳи баланди ташкилӣ ҷашн гирифтему боз ҳам аз мавҷудияти чунин хушиқболӣ ҳарф мезанем. Зеро ки даврони осудаву фазои тинҷ дорем, соҳиби Ватани озодем, ки тамоми ҷаҳон мешиносанду чун мардуми сулҳпарвар эътироф доранд ва бо ифтихор метавонем гӯем, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидаанд.

Барқарорсозии сулҳу амният дар Тоҷикистонро метавон аз заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донист, ки на танҳо барои тоҷикон балки барои тамоми кишварҳои ҷаҳон дастоварди арзандаест. Зеро, амнияту оромиши Тоҷикистон бо назардошти мавқеъ ва имкониятҳои ҷуғрофии он кафили сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.

Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки мо ҷавонон онро дарк карда дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор додаем.


Орифҷон Олимзода,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон65

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо