29 апрели соли равон дар МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе озмун барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Черногория “Stone Design” баргузор гардид.
Тавре аз Марказ иттилооъ доданд, ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Черногория “Stone Design”, аслан бо корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Черногория машғул аст. Бояд қайд кард, ки ширкат соҳиби меҳмонхона буда, коргарон дар онҷо иқомат мекунанд. Инчунин, аз меҳмонхона тавассути автобуси ширкат, коргарон ба ҷойи сохтмон бурда расонида мешавад. Ҳамзамон, чиптаи ҳавопаймо, ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби ширкат ба уҳда гирифта шудааст.
Роҳбарияти ширкати мазкур барои бехатарии муҳоҷирони тоҷик кафолат медиҳад. Коргарон бо маоши хуб ва хӯрока таъмин мегарданд.
Дар мадди аввал, 50 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар озмун иштирок намуданд, барои фаъолияти меҳнатӣ ба ин ширкат фиристода мешаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират