13-уми октябри соли 2025 ҷаласаи Шӯрои Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар 9 моҳи соли равон ва вазифаҳо барои минбаъд баргузор шуд. Ҷаласаро сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Аз рӯйи масъалаи аввали рӯзнома муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода М. П. баромад намуда, ҳисоботро оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба самъи ҳозирин расонид. Аз ҷумла, зикр намуд, ки: «Хадамоти муҳоҷират бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати аҳолӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд. Яке аз чунин тадбирҳо иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” мебошад, ки тибқи бандҳои он корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Стратегияи мазкур санади ягонаи меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, зеро бори аввал дар амалия дар доираи як Стратегия ҳама намуди муҳоҷирати аҳолӣ, ки қонунӣ дар қаламрави як кишвар ба амал бароварда мешаванд, баррасӣ мегарданд. Оид ба моҳият, ҳадаф ва вазифаҳои Стратегияи мазкур мунтазам машғулиятҳо ва семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд».
Ҳамин тариқ, вобаста ба паҳлуҳои гуногуни фаъолият ҳисобот ироа гардида, ба баррасии аъзои Шӯро вогузор гардид.Сипас, сардорони раёсатҳои Хадамот дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба фаъолияташон дар давраи ҳисоботӣ маълумот доданд.
Ҳамзамон, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли онҳо сардорони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ҳисобот доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба ҷоннок намудани фаъолият дар самти ба касбу ҳунар ва забономӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳлили вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ, омӯзиши амиқи қонуну қоидаҳои давлатҳои қабулкунанда, масъалаҳои гуногунсамти муҳоҷират, мусоидат дар таъмини ҷойи корӣ ба муҳоҷирони ба ватан баргашта, пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, сари вақт иҷро гардидани қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуда, аз ҳар нафар иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои вогузоршуда тақозо гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират