Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. Масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, андоз, алоқа, оид ба корҳои дин, танзим ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш баррасӣ карда мешаванд.
Тарбияи фарзанд вазифаи асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар маърифати ҷомеа созгор ва муҳит солим бошад, раванди тарбия самаранок шакл мегирад. Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда, аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои ахлоқи накӯ ва ба ҷомеа нафъ расон мебошад.
Фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ дошта бошад. Пасон, вай меҳру иштиёқи зиёд ба мутолиа дошта, пур хонда ва соҳиб фазилат ба камол расад. Инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умуми башарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва он дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбад. Дар раванди ташаккул додани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши асоси мебозад.
Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.
Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин сабаб буд, ки дар ҷомеаи мо чанд сол қабл амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ бештар аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардид ва дар ин росто каммасъулиятии баъзе аз падару модар ва омӯзгорон низ ба назар мерасид.
Борониева Сакина,
Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе