• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Фасод ё худ коррупсия вабои аср

Migration Service by Migration Service
18.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Коррупсия – зуҳуроти номатлуб
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохтори он қарор дошта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити оштинопазир нисбат ба ин падидаи номатлуб, таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои мушаххас дар ин самти муҳими кор ҷиҳати пешгирии он тадбирандешӣ менамояд.

Зеро, дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ заиф мегардонад.

Чунончӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои худ қайд менамоянд: “Коррупсия дар шароити имрӯзаи муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад”.

Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Коррупсия ба вазифаи хизматӣ хиёнат карда, онро ғаразнокона ба манфиати шахсӣ истифода бурда, қонуншиканӣ содир намудани хизматчии давлатӣ аст. Бинобар ин, вай кирдори барои ҷамъият хавфноку зараровар мебошад. Бедодии коррупсия ба монанди занги фулӯзи сахтро хӯрда, ба вайроншавӣ расонда, низоми давлатдориро вайрон ва нисбат ба қонуну адолати иҷтимоӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нобоварӣ пайдо намуда, давлатро ба шикаст дучор мекунад.

Кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, рӯзмарра ва мубрам будани муқовимат бо коррупсияро яке аз самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии худ дониста, дар ин самт баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб эътибори ҷиддӣ дода, тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Яке аз сабабҳои содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ, саривақт бартараф накардани сабабу шароитҳои мусоидаткунанда ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ накардани чорабиниҳои таъсиррасон ва пешгирикунанда мебошад.

Ҷинояти коррупсионӣ, аз он ҷумла порахӯрӣ чун дигар ҷиноятҳо ҳамеша содир шуданаш дар назар дошта мешавад. Чунки барангезонандаи онҳо нафси инсонӣ аст. Мутаассифона, ин иллати бадро дар инсон муайян кардан мушкил мебошад.

Ҳамчунин, ба содир шудани қонуншиканиҳои хусуссияти коррупсионидошта, сустшавии интизоми меҳнатию хизматӣ, назорати кормандон ва пастшавии масъулиятшиносии онҳо фароҳам меорад. Бинобар ин мустаҳкам намудани интизоми меҳнатию хизматӣ дар мақомот, идораю муассисаҳои давлатӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муассир дар пешгирии коррупсия ба ҳисоб мераванд.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарвари давлатамон, ки доимо дар баромадҳояшон қайд мекунанд, барои пешгирии коррупсия дар сохтору ниҳодҳои давлатӣ, ҳангоми интихобу ҷобаҷогузории номзадҳо ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва роҳбарикунанда пеш аз ҳама ба сифатҳои шахсии номзад, бахусус ба  поквиҷдонӣ ва ахлоқи ҳамида доштани ӯ аҳамият додан зарур аст. Зеро сифатҳои касбии ӯ барқароршаванда мебошад.

Моҷароҳое, ки хизмати садоқатмандонаи хизматчии давлатиро зери шубҳа мегузорад, таҳти санҷиши ҳаматарафа қарор дода, дар мавриди пайдо шудани далелҳои холисию беғаразии ӯро зери шубҳа гузоранда ё обу рӯяшро пастзананда аз вазифа озод кардан, низ яке аз роҳи асосии пешгирии коррупсия аст.

Бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, аз он ҷумла хизматчиёни давлатӣ, ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои муассир андешида шуда, заминаҳои моддию маънавии ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ таҳким бахшида шуданд, ки ин тадбирҳо низ яке аз омилҳои миҳими пешгирикунанда маҳсуб меёбанд.

Бобоназарзода Санавбар,

Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Мо – соҳибватанем

Next Post

Мубориза айлаҳи зуҳуроти номатлуб

Next Post
Муборизаи оштинопазир – алайҳи зуҳуроти номатлуб

Мубориза айлаҳи зуҳуроти номатлуб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.