Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агетии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия Фестивали ноҳиявии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи гузаронида шуд.
Дар Фестивали мазкур якчанд ҳунармандон барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва расму оини тоҷикон маҳсули дастони худро пешкаши ҳайати аъзоёни кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ намуданд.
Маҳз пешбурд ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ метавонад, мо тоҷиконро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифи намуда ва барои паст намудани сатҳи камбизоати ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум хидмат намуда, пеши роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ, хусусан муҳоҷират аз ҳисоби занонро кам намояд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар оянда низ ҳамкории судмандро бо шуъбаи Агетии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамаи самтҳо давом дода, минбаъд барои хубтару фаъолтар гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич