Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб меравад. Ин амали ношоиставу хатарнок ҷаҳонро ба ташвиш оварда, ба пешрафту тарақиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ зарари бениҳоят калон расонида истодааст. Ҷавонон, ояндасози миллату давлат ва умуман дар ҷомеаи инсонӣ мартабаи баланд доранд. Аз ин ру, онҳоро мебояд, ки баҳри бартараф намудани терроризм ва ифротгароӣ кушиш намоянд ва сиёсати давлатро пеш баранд.
Пеш аз он, ки ҷавонон баҳри ҳимояи халқу Ватан ҷони худро дареғ надоранд, чӣ бояд кард? Ҷавононро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносии миллӣ тарбия бояд намуд. Бояд қайд кард, ки ҳар як фарди ҷомеа ба қадри неъмате чун истиқлолияту, давлатдории миллӣ, расидан ба арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандории ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ фарҳангии он шахсро ба инкори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастӣ, дарк накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ – маънавӣ (ахлоқию дини)-ро коҳиш дода, халал месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқдисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ – сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зохир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Хулоса, омӯзгорон ва падару модарон бояд, ки ба хатари терроризм ва ифротгароӣ ба ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, онҳоро баҳри ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намоянд.
Шарипов Х., Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Данғара