Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз Паём ба Маҷлиси олии кишвар санаи 28 декабри соли 2023, иҷрои ҳидоятҳои ғамхоронаи Пешвои маҳбуби халқ зимни мулоқот бо фаъолон, аҳли ҷомеа ва ходимони дин санаи 9 марти соли 2024 корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони деҳоти Чиртак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 шаҳри Турсунзода гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон оид ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии диёр, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандустӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, риояи маданияти фарҳангӣ миллӣ, пешгирии пушидани либоси ба фарҳанги миллӣ хос набуда аз ҷониби занон ва дигар масъалаҳо ёдрас карда шуданд.
Аз ҷониби сокинони деҳоти мазкур иброз гардид, ки ҳар як сухани ояндасози Пешвои миллат ба манфиати ҳар як оила мебошад ва ин ҳидоятҳои ғамхоронаву дурандешонаро дар пешбурди зиндагиамон ҳамчун роҳнамо қабул намуда, шукри истиқлолу озодии Ватан, шукри ваҳдати миллӣ ва шукри Пешвои маҳбубамон мекунем.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода