Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом ҳафтаи сипаригашта бо гурӯҳи кории иборат аз намояндагони шуъбаи кор ба занон ва оилаи МИҲД, бахши ҳифзи иҷтимоӣ, робита бо ҷомеаи шаҳр, Ҷамоати деҳоти Пӯлотон, шуъбаи маориф ва директору омӯзгорони МТМУ №12 корҳои иттилотӣ-маърифатӣ дар байни сокинони Ҷамоати деҳоти Пӯлотон, деҳаи Равот муҳоҷирони баргашта, толибилмони синфҳои 9-11 ва волидайни онҳо гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯсти шаҳрвандон» ва амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ, аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муқовимат ба савдои одамон» ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, қонунгузории Федератсияи Россия, пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ,сил, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор карда шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар ҳама шуъба ва бахшҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мунтазам идома дорад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом