Вобаста ба пурзӯр гардидани назорат ва ворид шудани тағйирот ба қонунгузории Федератсияи Россия, Хадамоти муҳоҷират тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар ҳамаи расмиёти заруриро риоя намоед.
Аз ҷумла, аз хизматрасониҳои Намояндагии Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121, дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, истифода бурда, расмиёти дактилоскопия (изи ангушти даст) ва расмгирӣ, муоинаи тиббӣ ва инчунин санҷиши вазъи ҳуқуқиро пешакӣ гузаред.
Ҳамчунин, барои воридшавии бемонеа ва бароҳат ба қаламрави Федератсияи Россия тавсия дода мешавад, ки қаблӣ тавассути замимаи мобилии “Госуслуги RUID” ариза пешниҳод намуда, QR-рамзи заруриро дастрас намоед. Дастурамал оид ба истифодаи замима дар пайванди зерин дастрас аст:
Истифодаи ин хизматрасониҳо вақтро сарфа намуда, раванди убури сарҳадро осонтар гардонида, зарурати аз нав гузаштани бақайдгирии биометрӣ, дактилоскопия ва муоинаи тиббиро дар қаламрави Федератсияи Россия бартараф менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

