ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ
АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии
хизмати давлатии зерин озмун эълон мекунад:
РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ – 1 ҷой
маоши вазифавӣ 2648,05 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидорӣ – 1 ҷой
маоши вазифавӣ 1959,90 сомонӣ
РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидорӣ – 1 ҷой
маоши вазифавӣ 1959,90 сомонӣ
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”– 1 ҷой маоши вазифавӣ 2522,55 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1862,60 сомонӣ
Мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1529 сомонӣ
Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент – 1 ҷой
маоши вазифавӣ 1862,60 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истиқлол– 1 ҷой маоши вазифавӣ 1862,60 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷабор Расулов – 1 ҷой
маоши вазифавӣ 1824,20 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1459,50 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1459,50 сомонӣ
РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ноҳияи Ҷайҳун – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Муъминобод – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ховалинг -1 ҷой маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
ШУЪБАИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ВМКБ
Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидорӣ – 1 ҷой маоши
вазифавӣ 2012,40 сомонӣ
Мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хоруғ – 1 ҷой
маоши вазифавӣ 1581,50 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1809,20 сомонӣ
Мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ -1 ҷой маоши вазифавӣ 1489,50 сомонӣ
Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ишкошим – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1809,20 сомонӣ
Мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ишкошим – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1591,50 сомонӣ
Мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мурғоб – 1 ҷой маоши вазифавӣ 2189,25 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷитрат дар ноҳияи Шуғнон – 1 ҷой маоши вазифавӣ 1831,70 сомонӣ
ШУЪБА ВА БАХШҲОИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти дар ноҳияи Нуробод – 1
маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рашт – 1
маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рудакӣ -1 маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Сангвор -1 маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти дар ноҳияи Тоҷикобод – 1
маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Лахш -1ҷой маоши вазифавӣ 2190,90 сомонӣ
Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Лахш -1 ҷой маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Роғун 1 ҷой маоши вазифавӣ 1779,20 сомонӣ
Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботҳои тахассусии зерин муқаррар шудааст:
Мудири бахш– мансаби маъмурии категорияи чорум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.
Сармутахассис-мансаби маъмурии категорияи панҷум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.
Мутахассиси пешбар-мансаби маъмурии категорияи шашум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 собиқаи умумии меҳнатӣ,
– донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.
Мутахассис-мансаби маъмурии категорияи ҳафтум таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ дар шакли муқарраргардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона расми андозаи 3х4);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли № 038 УЕ);
-нусхаи шиноснома дар бораи додани рақами мушахасси андозсупоранда (ИНН);
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумот «Дар бораи тасдиқи Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ»
-маълумотномаи оиди доғи Суди доштан (ИЦ)
-маълумотномаи РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ)
-маълумотнома (объективка) дар бораи фаъолияти корӣ.
Мувофиқи банди 16-и Низомномаи тартиби гузаронидани озмун
«Хароҷоти вобаста ба иштироки довталаб дар озмун (омаду рафт ба маҳалли гузаронидани озмун, иҷораи ҷойи истиқомат) аз ҳисоби довталаб пардохт карда мешавад.
Ба маоши вазифавӣ, инчунин фоизи муайян барои собиқаи хизмати давлатӣ пешбини шудааст. Эзоҳ: Қабули ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз рӯзи чопи эълони мазкур дар мӯҳлати 21 рӯз аз тарафи Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе кӯчаи Айнӣ-121 амалӣ карда мешавад.Телефон барои тамос: 225-05-73.
