Марҳилаи муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо тараққиёти босуръати пешрафти илмӣ-техникӣ, ки соҳаи технологияи баландро дар бар мегирад, тавсиф меёбад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм аҳамияти хос пайдо намудаанд. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи “Муқовимат бо терроризм ва экстремизми хушунатомез”, ки рӯзҳои 3–4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, хатари афзоишёбандаи терроризм ва экстремизмро таъкид намуда, зикр намуданд, ки “Имрӯз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ муттаҳид шуда, хусумат ва зӯроварӣ, низоъҳо ва ҳатто зиддияти байни тамаддунҳоро таҳрик мекунанд”.
Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз он, ки таърихи гурӯҳҳои террористӣ дар фазои маҷозӣ ба наздикӣ оғоз шуда бошад, то соли 2000-ум тақрибан ҳамаи гурӯҳҳои террористӣ ҳузури худро дар Интернет пайдо карданд.
Мушкилоти истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти террористӣ дар шароити ҳозира хеле тезутунд қарор гирифтааст, ки бо нақши махсуси иттилоот дар фаъолияти объектҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, қисмҳои ҳарбӣ, молиявию бонкӣ ва ғайра алоқаманд аст.
Имрӯз коршиносон шаклҳои зерини ҷангҳои навро ҷудо мекунанд:
1) муноқишаҳои ҳарбӣ;
2) ҷангҳои иттилоотӣ;
3) ҷанги пешгиркунанда (ғасби пешгиркунанда ё таъсири қувва баҳри пешгирӣ);
4) терроризми иттилоотӣ.
Яке аз навъҳои муосири терроризм, ки дар фазои маҷозӣ содир мешаванд, терроризми иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Муайян кардани мафҳуми “терроризми иттилоотӣ” кори хеле душвор аст, зеро муқаррар кардани сарҳади дақиқ барои фарқ кардани он аз ҷанги иттилоотӣ ва ҷиноятҳои иттилоотӣ осон нест. Мушкилии дигар дар он аст, ки бояд мушаххасоти маҳз ин шакли терроризмро ҷудо кард. Терроризми иттилоотиро метавон ба истилоҳ ба навъҳои технологии терроризм мансуб донист. Дар маҷмуъ терроризми иттилоотиро ҳамчун маҷмуи амалҳое метавон маънидод намуд, ки он аз ҳуҷуми барқасдонаи дорои мазмуни сиёсӣ ба иттилооте, ки ба воситаи компютер ва низоми компютерӣ коркард мешавад иборат мебошад ва он ба ҳаёту саломатии одамон зарар расонида метавонад ё боиси ба амал омадани оқибатҳои дигари вазнин мегардад, ичунин ин амалҳо бо мақсади халалдор намудани амнияти иттилоотии ҷамъиятӣ, фитнаангезӣ ва таҳдиди иттилоотии низоми мусаллаҳона анҷом дода мешавад. Терроризми иттилоотӣ ба инсоният бо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин аст ва ин намуди аслиҳа, бо сабаби нав буданаш то ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст
Дар асоси андешаҳои зикргардида, чунин хусусиятҳои терроризми иттилоотӣ ро метавон қайд кард:
1. Он аслиҳаи иттилоотӣ мебошад, зеро онҳо низомҳо ва шабакаҳои компютерӣ, нармафзори махсус ва технологияҳои иттилоотиро истифода мебаранд;
2. Терроризми иттилоотӣ хусусияти байналмилалӣ дорад, чунки ҷинояткорон дар дигар давлат ва қурбониёни онҳо дар дилхоҳ минтақа қарор доранд;
3. Терроризми иттилоотӣ бо ҳадафҳои гуногун содир мешавад;
4. Терроризми иттилоотӣ бо сатҳи баланди зоҳирнашавӣ ва бо сатҳи пасти ошкорнашавӣ хос аст.
Терроризми иттилоотӣ одатан истисмори барқасдонаи шабакаҳои компютерӣ бо мақсади оғози ҳамла фаҳмида мешавад. Чунин ҳамлаҳо маъмулан барои вайрон намудани кори дурусти ҳадафҳо, аз қабили низомҳои компютерӣ, серверҳо ё инфрасохтори асоси онҳоро ташкил мекарда, тавассути ҳамлаҳои хакерӣ, технологияҳои ИК (таҳдиди рушдёфтаи устувор), вирусҳои компютерӣ, нармафзори зараровар ва дигар воситаҳои дастрасии беиҷозат ё зараровар анҷом дода мешаванд.
Бо дарки ин воқеият Ҷумҳурии Тоҷикистон амалияи таҳия ва татбиқи барномаҳои маҷмуии давлатии худро дар ин самт бо роҳи қабули стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои давраҳои муайян роҳандозӣ намудааст. То ин дам дар самти баррасишаванда се стратегияи миллӣ-барои солҳои 2016-2020, солҳои 2021-2025 ва Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2030 мавриди амал қарор дода шудааст.
Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар, терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон, масъулиятӣ баланд эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза
Ахмедов М,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара

