• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Хатари умумиинсонии терроризм ва экстремизм

Migration Service by Migration Service
01.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Хатари умумиинсонии терроризм ва экстремизм
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад.

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.

Ба муқовимати ҳамаҷониба нигоҳ накарда, дар замони ҳозира ин намуди ҷиноятҳо ҳамоно зиёд шуда истодаанд, ки онҳо метавонанд ба истиқлолият ва амнияти ҳар давлат хатар эҷод кунанд.

Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмонӣ бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.

Боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд.

Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор – ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллату давлат бохтаанд.

Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳон имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд.

Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад.

Дар чунин шароит Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.

Имрӯз дар ҷаҳон садҳо ҳизб, созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ номи исломӣ гирифта, барои ба сари қудрати сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ омадан неруҳои имониро дар ҳамин самт суйистифода мекунанд.

Худованд дар Қуръони карим мусалмононро ба ваҳдат, ягонагӣ ва дур будан аз парокандагиву нифоқ даъват намудааст. Аммо бар хилофи ин маънии Қуръон дастгоҳ, гурӯҳ, ташкилот ва афроди мансабхоҳ садҳо созмон ва ҳаракатҳои фитнаангезро дар байни уммати исломӣ таъсис дода, ба онҳо номҳои исломӣ гузоштаанд, то аҳли имон аз нақша ва барномаҳои ҷаҳонсӯзашон воқиф нагарданд.

Ҷавонони ноогоҳу ғофил ба доми пешвоёни каззоб, воизони нопок ва мубаллиғони созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ афтида, қурбони дасисса ва ақидаи ботили онҳо мегарданд.

Имрӯз мушкилӣ дар он аст, ки бинобар бехабарӣ ва заъфи иттилооти динӣ-мазҳабӣ баъзе аз ҷавонон андешаҳои заҳрогин ва хатарзои ифротгароёнро ҳамчун ормонҳои исломӣ ва роҳи наҷоту саодати худ пазируфтаанд.

Бисёре аз ҷавонони камтаҷриба ва бехабар аз дин барои дарёфти ормонҳои исломӣ ва имонии худ ба равияҳои “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва “Рофизия” ворид гаштаанд.

Ба хотири ҳифзи Истиқлолият, Ваҳдат, Ватани азизамон ва муқаддасоту арзишҳои инсонмеҳварии фарҳанги миллию мазҳабӣ имконият дорем, ки сирру асрори ҳаракатҳои тахрибкор ва ҳадафҳои ботил ва афкори номашрӯъашонро дар ҷомеа ошкор созем, то шаҳрвандони азизамон аз оқибатҳои хатарноки онҳо дар амон бошанд.

Олимов Сироҷиддин,
сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Суҷинаи шаҳри Панҷакент

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар фурудгоҳҳо

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар фурудгоҳҳо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар фурудгоҳҳо

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.