Бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе хониши идоравӣ бо иштироки сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе подполковники адлия Турсунзода Шодком вобаста ба беҳтар намудани фаъолият дар раванди татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор карда шуд.
Дар хониши идоравӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Раёсат иштирок намуданд.
Турсунзода Шодком ба ҳозирин санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи муқовимат бо коррупсия, сиёсати давлатӣ дар ин самт, методология тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолиятро (хавфҳои коррупсионӣ) ба таври мушаххас фаҳмонида дод.
Номбурда қайд намуд, ки аз ҷониби Пешволи миллат ба ҳар як оилаи кишварамон китоби аълома Бобоҷон Ғафуров ҳадя карда шуд, ки шаҳрвандон кишвар аз таърихи халқамон огоҳ шаванд. Дар онҳо ҳисси меҳанпарастӣ баланд бардошта шавад. Зуҳуроти ташвишоваре, ки имрӯз як идда ҷавонони зудбовару гумроҳро фаро гирифтаву сӯи зулмот ва бераҳмиву ҷаҳолат мебарад, ин бо ҳар роҳу усул шомилшавӣ ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурӯҳҳои ҷангҷӯю тундрав мебошанд, ки имрӯз мусибати гаронеро ба сари мардум оварда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд.
Бинобар ин, таъкид гардид, ки зимни вохӯрӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ҷавонон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзуи шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
Дар фарҷом байни иштирокчиён ва намояндаи мақомоти дахлдор мубодилаи афкор сурат гирифт.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе