18 марти соли равон дар Хадамоти муҳоҷират хониши идоравӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар он муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим, кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чилахонзода Раҷабалӣ дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба ҳозирин оид ба дастоварҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумот дода, мафҳумҳои асосии қонунро дар таҳрири нав шарҳу тавзеҳ дод.Қайд гардид, ки дар тӯли зиёда аз 18 соли амали қонуни миллӣ маъракаҳое, ки решаву асоси шаръӣ надоштанд, аз байн рафтанд ва пасандозҳои аҳолӣ афзуд.
Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 қонуни мазкур дар таҳрири нав қабул гардида, ки аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур мусоидат ҷиҳати ба зиндагии шоиста расидани шаҳрвандони кишвар аст.
Зимни пешниҳоди маърӯза моҳияти баргузор намудани маъракаву маросимҳо фаҳмонида шуда, доир ба анҷом додани корҳои хайру савоб, ба монанди дастгирии ниёзмандон, сохта ба истифода додани иншооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим – муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири пулу роҳҳо ва ғайра тавсияҳо дода шуданд.
Тартиби баргузории ҷашнҳои расмӣ, зодрӯз, хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, тӯйи домодию арӯсӣ, маросими ҳаҷ ва умра, маросими дафну азодорӣ, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим ва инчунин тартиби тариқи электронӣ ба қайд гирифтани маъракаву маросимҳо тавассути сомонаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.tanzim.tj ба ҳозирин фаҳмонида шуд.
Дар чорабинӣ муҳтавои ҳар як боб ва модда ба иштирокчиён шарҳ дода шуда, ҷазоҳои пешбинишуда барои вайрон намудани муқаррароти қонуни мазкур мушаххас баён гардид. Дар хотима иштирокчиёни ҳамоиш ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират