Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони “Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ” бо иштироки намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, шуъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, шуъбаи маъорифи ноҳияи Сино, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и ноҳияи Синои пойтахт бо омӯзгорон ва хонандагони сину соли 14-16, 17-18 сола гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон” масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию, нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдўстӣ.
Инчунин, дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ҷалби хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуд.
Чунин чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ дар дигар ноҳияҳои пойтахт низ баргузор хоҳад шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе