Воқеан ҳам баъд аз ба даст овардани Истиқлоли миллӣ ва эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона имкон фароҳам омад, ки кишвари мо дар арсаи ҷаҳон нақш ва нуфузи худро пайдо кард. Имрӯз бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба яке аз кишварҳои зеботарин ва писандидатарин табдил ёфт.
Дар шароити имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ худро муаррифӣ карда, пайваста кӯшиш менамояд, ки мардуми осудаҳол бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш баранд ва барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд.
Мутаассифона, баъзе амалҳои номатлубе, ки аз тарафи баъзе аз шахсиятҳои бадхоҳони давлат сар мезанад, боиси нооромии кишвар мегардад. Аз таърих бохабарем, ки амалҳои ношоистаро ниёгони мо маҳкум мекард. Онҳо ба дуздиву одамкушӣ назари нек надоштанд ва ба чунин ашхос бо нафрат нигоҳ мекарданд. Лекин имруз ҷавононе пайдо шудаанд, ки анъанаҳои неки инсондӯстӣ, некрафторӣ, некандеширо пеши по зада, ба гуруҳҳои террористӣ тақдири худро мепайванданд. Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхоси ғаразноку манфиатҷӯ худро канор гирифта, аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати хеш давлат ва миллатамонро ба сӯи нотинҷиву нооромӣ ҳидоят накунанд.
Бояд Ватанамонро аз ин гуруҳҳои ҷиноятпеша ҳифз намоянд ва нагузоранд, ки ба кишвари азизамон бо чашми бад нигоҳ кунанд.
Шерализода Носиралӣ,
Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе