Дар ҷоддаи ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду вохӯриҳо ва Паёмҳои ҳамасолонааш таъкид карда, наврасону ҷавонон ва умуман тамоми шаҳрвандони кишварро ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, ободгароиву созандагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват менамояд.
Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли комил, пеш аз ҳама, аз худшиносии афроди ҷомеа вобаста аст.
Худшиносиву худогоҳӣ сифатҳои умдаи инсон буда, барои рушду инкишофи шахсият ва ҳувияти ҳар як шаҳрванд заминаи асосиро мегузоранд.
Дар кишвари мо пас аз тантанаи истиқлоли сиёсиву ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳ ба худшиносиву худогоҳӣ зиёд гардид, ки ин омили асосии таҳкими ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Чуноне ки таърих гувоҳ аст, мамлакати мо пас аз соҳиб гардидан ба истиқлол вазъи ногувореро паси сар менамуд.
Нооромӣ, бархӯрди сиёсиву низомӣ, бетартибиҳои афроди алоҳида, буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ, ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар рӯй доданд, ки сабабгори ин онҳое буданд, ки аз худшиносӣ дур гашта, мафкураву ҷараёнҳои бегонаро қабул намуданд.
Имрӯз, боиси сарфарозист, ки кишвари мо ҷиҳати таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ кушишҳои зиёде ба харҷ дода, дар ҳалли масоили мухталифи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди таҳдидҳои террористиву экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа худро бетараф нагирифта, саъю талошҳои доимӣ нишон медиҳад.
Заҳмату талош ва тадбирҳои андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати комили миллӣ, решакан намудани ақидаҳои бегонапарастӣ, маҳалчигӣ, хусумати миллӣ, тарғиби фазои орому ҳаёти солим ва ҳифзи арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ карда мешаванд.
Кишвари мо баробари ба даст овардани истиқлоли комил ба як қатор муваффақиятҳои бузурге, ки нуфӯзи давлатдории тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштаанд, ноил гардид ва бояд гуфт, ки ин ҳама маҳсули ба даст овардани сулҳ ва мустаҳкам гардидани ваҳдати миллӣ мебошад.
Ташкили давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву иҷтимоӣ роҳест, ки онро мардуми тоҷик худ интихоб намуда, бо қадамҳои матин онро паймуда истодааст.
Талошҳои пайвастаи Пешвои миллат барои рушду нумуи кишвар моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ тамоми неруи худро баҳри ҳифзу беҳдошти истиқлоли миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ сафарбар намоем.
Пешвои миллат мақоми муҳими ҷавонону наврасонро дар амалӣ намудани нақшаву барномаҳои стратегии рушди ҷомеа махсус таъкид намуда, қайд мекунанд, ки «Ҷавонони мо бояд ворисони сазовори насли калонсол гарданд, ба қадри неъмати истиқлол расанд, дониши мукаммалу ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ дошта бошанд ва барои пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.
Ман ба ин итминони комил дорам».
Ҷавонону наврасони мамлакат ба дарки амиқи ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бояд масъулият нишон диҳанд, ки ташаббус ва неруи созандаи худро ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кушиш ба харҷ диҳанд, то ки дар ҷомеа сазовори мавқеи арзанда бошанд, неруи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкоронаи худро пайваста густариш диҳанд.
Ҳамин тариқ, ҳифзи ваҳдату истиқлоли миллӣ ин ҳифзи асолат, ҳувият, забон расму оин, садоқат, вафодорӣ ба арзишҳои миллӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ мебошад.
Сангзода Рустам,
корманди масъули Хадамоти муҳоҷират