• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Худшиносии миллӣ

Migration Service by Migration Service
30.09.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони муосир
316
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсон ва ҷомеа мебошад.

Сарчашмаи худшиносӣ оғоз мегардад аз худҷӯйӣ ва мавқеи худро шинохтан.

Ҳар шахс донад моҳияти ҳастии ӯ чист ва дар зиндагӣ чи нақшу  мақоме дорад.

Инсони бо андешаву бо тафаккур дар раванди устувор сохтани инсонияти худ гаштаву баргашта чунин хулоса баровардааст, ки мақсади асосии бозҷустҳои маънавӣ худшиносист.

Шуруъ аз даврони соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид, зеро дар ҷомеаи Тоҷикистон тағйиротҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шудаанд.

 Истиқлолият барои иваз гардидани шуури иҷтимоиву маънавӣ такони ҷиддие гардид, аммо тағйири вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, ҷанги дохилӣ ва буҳрони ҳамагонии миллӣ, ки паёмадҳои нохуш дошт, барои инкишофи муътадилӣ шуури иҷтимоӣ монеаҳои зиёде эҷод кард.

Тарбияи ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ ҷойи асосиро дар раванди тарбия ишғол менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз масъалаҳои асосии педагогикаи муосир ба ҳисоб меравад.

Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои дорои ахлоқи баланди инсонӣ, ҳувияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ, ташаббускорӣ, таҷассумкорӣ, урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад.

Барои устувории  ҳар миллате доштани худшиносии миллӣ бисёр ҳам муҳим аст.

Набояд фаромуш кард, ки худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст.

Ҳамин аст, ки дар тӯлӣ ҳазорсолаҳо моро мутафаккирони оламшумуламон ҳамеша ба озодандешиву истиқлолхоҳӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамои кардаанд.

Мо мероси гузаштаи маънавӣ ва шахсиятҳои баруманди илмӣ, динӣ, адабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии халқи худро бояд хуб шиносем ва бо истифода аз осори ғанӣ ва боарзиши онҳо ҷомеаи имрӯзаро дар рӯҳияи эҳтиром ба гузаштагон тарбия карда, ба ин васила як давлати озод, обод, орӣ аз таассубу ихтилоф эҷод намоем.

Ҷаҳони маънавии ҷавонони худро ғанӣ созем, зеро ояндаи кишвару давлат ба шахсият, дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллии онҳо сахт вобаста мебошад.

Эҳёву ба насли ҷавону ояндадор муаррифии арзишҳои волои маънавии миллати тоҷик, арҷгузорӣ ба он дар шароити имрӯзаи пуртаззод ва бархурдҳои манфиатҳои геополитикӣ, низоъҳои минтақавӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим, шиддат гирифтани рақобат, талоши кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои нуфузи хеш дар дунё беҳтарин василаи худогоҳиву худшиносии миллӣ мегардад.

 Қобили зикр аст, ки эҳё ва дар амал татбиқ намудани расму оинҳои гузаштагони сиҳибхирадамон сатҳи ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ, инсондӯстӣ, фазилат ва ҳувияти миллиамонро устувору побарҷо мегардонад.

Бидуни худогоҳӣ ва худшиносӣ дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва хуруҷи нерӯҳои харобиовар ҳифзи асолат, ҳувияти миллӣ ниҳоят мушкил хоҳад гардид.

Дар баробари ин зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, масъулияти хосса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад.

Худшиносӣ, мақому манзалати инсонии худро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

«То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар яки мо манфиатҳои миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Previous Post

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:

Next Post

Соли 2024- «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Next Post
Мулоқоти судманд бо хатмкунандагон ва касбомӯзон

Соли 2024- «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.