Дар шароити тағйирёбии ҷомеа ва афзоиши равандҳои муҳоҷират, масъалаи ҳифз ва рушди худшиносии миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Имрӯзҳо муҳоҷират, ки қисми ҷудонопазири ҷомеаи муосири ҷаҳон гаштааст, ҳамзамон бо хатарҳо ва таҳдидҳои гуногун барои муҳоҷирон ва ҷомеа рӯ ба рӯ мебошад. Яке аз ин хатарҳо шомил шудани муҳоҷирон ба гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ мебошад, ки онҳоро ба самти радикализм, ифротгароӣ ва амалҳои зидди ҷомеа мебарад.
Сабабҳои шомилшавии муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ифротӣ гуногунанд, ки аз ҷумла метавон ба онҳо шомил кард:
- сатҳи пасти маълумот ва надонистани арзишҳои миллӣ;
- нокифоя будани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии муҳоҷирон;
- мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишварҳои иқомат;
- эҳсоси танҳоӣ ва бе пуштумонӣ дар муҳити муҳоҷират;
- таъсири идеологияи гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва таблиғгарон.
Гурӯҳҳои ифротӣ маҳз аз ҳамин фурсатҳо истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки муҳоҷиронро бо ваъдаҳои пӯчу бардурӯғ ҷалб намуда, онҳоро ба тарғиботи радикалӣ ҷалб кунанд. Онҳо фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллиро зери суол мебаранд ва ба ҷои он идеологияи бегонаи динӣ-ифротиро ҷойгузин менамоянд.
Дар ин замина худшиносии миллӣ омили муҳими муҳофизат аз ифротгароӣ мебошад. Худшиносӣ ба муҳоҷир имкон медиҳад, ки худро ҳамчун як фарди соҳиби миллати дорои таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои мушаххас эҳсос кунад ва ба қадру қимати фарҳангии худ бирасад. Бо вуҷуди он ки муҳоҷир дар муҳити кишварҳои дигар қарор дорад, ҳифзи ин худшиносӣ ӯро аз таъсири таблиғоти ифротӣ нигоҳ медорад.
Роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ифротӣ иборатанд аз:
- таҳкими маърифати миллӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирон пеш аз сафар;
- таҳкими иртиботи муҳоҷирон бо намояндагиҳои дипломатӣ ва диаспораҳои тоҷикӣ;
- мубориза бо тарғиботи радикалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳити иттилоотӣ;
Хулоса, ҳифзи худшиносии миллӣ ва таҳкими он дар байни муҳоҷирон, дар баробари дигар тадбирҳои пешгирикунанда, ба коҳиши хатари шомилшавии муҳоҷирон ба гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ мусоидат намуда, амнияти миллиро таъмин ва рушди устувори ҷомеаи тоҷикро дар дохил ва хориҷ аз кишвар таъмин менамояд.
Умаров Фирдас,
Муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳоҷири”-и Хадамоти муҳоҷират