• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Худшиносии миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ

Migration Service by Migration Service
18.02.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Худшиносии миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Масъалаҳо вобаста ба ташаккули худшиносӣ ва њувияти миллӣ дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ бештар аҳамияти муҳимро касб намуда, дар таъмини суботи ҷомеа ва нигоҳдории истиқлоли давлатӣ нақши калидӣ дорад.

Вазъи ноороми ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани равияҳои гуногуни иртиҷоиву тундгароӣ, ки ба анъана, расму ойин, тарзи зист, афкори мардумӣ ва таъриху фарҳанги мо бегона мебошанд, ҳар як нафари моро водор месозанд, ки аз ҳарвақта дида бештар ба сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамзистӣ, ахлоқи ҳамида ва ба худшиносии таърихию фарҳангӣ рӯ биёрем.

Дар замони муосир падидаи ҷаҳонишавӣ бо рушди технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ба як навъ чолиш барои фард ва дар маҷмӯъ башарият гардидааст. Дар чунин шароит барои нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки худшиносии миллиро дар доираи арзишҳои ниёгон, ки таърихан ташаккул ёфтаанд, тақвият дода, насли имрӯз ва ояндаро дар руҳияи он тарбият намоем. Зеро давлатсозиву давлатдорӣ танҳо бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Ҳастии давлат ва рушду такомули минбаъдаи он, пеш аз ҳама ба худшиносӣ ва доштани тафаккури миллии ҳар як сокини он низ вобаста аст.

Таърихи гузаштаи давлатдориву давлатсолорӣ гувоҳ аст, ки сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ягонагии халқу миллатҳо омили асосии рушди устувори ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар таъмини суботу амният нақши созгор мебозанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад”.

Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид. Бинобар ин, пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар дар назди давлату миллати тоҷик масоили зиёде ба миён омаданд, ки онҳо ба ташаккули худшиносии миллӣ иртибот дошт ва масъалаи аввалине, ки дар ин маврид ба миён омад, баҳсҳо атрофи доираи ҳувияти миллӣ буд. Масъалаи ҳувияти миллӣ то ба имрӯз идома ёфта истодааст.

Истиқлоли давлатии тоҷикон дар шароите таҷлил мегардад, ки миллати тоҷик дар даҳсолаи аввали он рӯзгори вазнину сангинро аз сар гузаронда, айни ҳол роҳу усулҳои мукаммалтар ва боэътимодро ҷиҳати расидан ба зиндагии орому осуда, тантанаи сулҳу ваҳдат, амнияти пойдор, рушди сармояи зеҳнӣ, имкониятҳои беҳтари сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ, фарҳанги волою фазилатҳои наҷиби ахлоқиро ҷустуҷӯ менамояд.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар марҳилаи хеле ҳассос ва таърихӣ – ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳисси миллӣ дошта, аз зинаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза огаҳ бошад, ки ин яке аз самти асосии тарбия намудани ҷавонон ба хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, чун гавҳараки чашм ҳифз намудани сулҳу амнияти Ватан, заҳматҳои асосгузори онро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда, гувоҳи эҳтиром ба муборизаи халқи тоҷик барои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Файзализода Сафаралӣ,

Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 

Previous Post

Терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.