• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Худшиносии миллӣ – омили таконбахши ватандӯстии ҷавонон

Migration Service by Migration Service
16.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Худшиносии миллӣ – омили таконбахши ватандӯстии ҷавонон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз доира ба худшиносӣ, худогоҳии миллӣ зиёд сухан мекунанд. Ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки ба худшиносӣ рӯ биёранд, таърихи гузаштаи миллати худро донанд ва аз он ифтихор намоянд. Зеро худшиносӣ барои дарку шинохти ҷойгоҳи хеш, таърихи миллати худ, анъанаву урфу одатҳои миллӣ, ҳифзу гиромидошти онҳо ва шинохти рисолати хеш дар зиндагӣ кӯмак менамояд. Воқеан, дар ҳама низомҳои сиёсии ҷомеа талабот ба сатҳи муайяни худшиносии одамон вуҷуд дорад. Аммо, дар системаи сиёсии демократӣ, ки шаҳрвандон ҳамчун манбаи ҳокимият баромад намуда, дорои ҳуқуқу озодиҳои зиёд мебошанд, ба худшиносӣ ва худогоҳии онҳо талабот бештар эҳсос мегардад. Худшиносӣ имкон медиҳад, ки шаҳрванд на танҳо таърихи гузаштаи миллату давлати хешро донад, ҳамчунин вазифаю ӯҳдадориҳои худро дар назди ҷомеа ва кишвар дарк намуда, барои дар сатҳи баланд иҷро намудани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳад. Дарки чунин вазифаҳо ва таълими онҳо маҳз бо роҳи омӯзишу таълим ба вуҷуд меояд, ки онро, ба ибораи дигар, иҷтимоисозии сиёсӣ меноманд.

Яке аз санадҳои муҳиме, ки ба масъалаи тарбияи худшиносии миллии шаҳрвандони кишвар бахшида шудааст – «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Дар он тарбияи худшиносӣ яке аз ҷузъҳои асосии тарбия муқаррар шуда, дар боло бардоштани сатҳи огоҳии сиёсии ҳар фарди ҷомеа муҳим арзёбӣ гардидааст. Дар консепсияи мазкур таъкид мешавад: “Тавассути  тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ  шаҳрванд бояд мутааллиқи миллат, давлати соҳибистиқлол, соҳиби Ватан ва ҳуқуқу  озодиҳо будани  худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд, донад, ки вазифаҳои ӯ дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст. Баҳри иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳд намояд. Манфиатҳои худро бо манфиати давлат, ҷомеа ва оила пайваста тавонад”. Воқеан, масъалаи тарбияи худшиносии миллӣ ба мавзӯи ҷойгоҳ ва вазифаи шаҳрванд дар назди давлат алоқаманд буда, шахс бо шинохти ҷойгоҳи хеш дар ҷомеа ва иҷро намудани вазифаҳои шаҳрвандӣ ва касбӣ на танҳо рисолати хешро анҷом медиҳад, ҳамчунин ба мақом ва зиндагии шоиста мерасад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи муҳими тарбияи худшиносии миллӣ табдил додани шаҳрванди худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад, ки вазифаи худро дар назди оила, ҷамъият ва давлат дарк ва адо намуда, манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорад. Агар ба таҷрибаи Тоҷикистон назар намоем, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бартарӣ додани манфиати гурӯҳӣ нисбат ба манфиатҳои милливу давлатӣ оқибат ба ҷанги дохилӣ оварда расонид.

Маҳз боло рафтани худшиносии миллии насли ҷавон ба боло рафтани ҳисси ваатндӯстии онҳо таъсири назаррас гузошта, садди роҳи паҳн гардидани ҳаргуна ҳизбу созмонҳои ифротӣ дар ҷомеа мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои қонунии ба роҳ мондани корҳои омӯзишиву тарбиявии насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ фароҳам гардидааст ва як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Танҳо дар самти тадбиқи амалии онҳо, дар сатҳи оила, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ боз ҳам тақвият додани корҳо бисёр зарур ба назар мерасад. Имрӯз кишвар ба шаҳрвандони худогоҳу ватандӯст, ки манфиатҳои давлатиро ҳимоя намуда, тавонад ба пешрафти он саҳмгузор бошад, нисбат ба ҳар давраҳои дигари таърихӣ бештар ниёзманд аст. Зеро иқтидору тавоноии ҳар давлат аз шаҳрвандони он вобаста мебошад. Мақоми давлат на танҳо аз рӯи масоҳату боигарӣ, ҳамчунин аз рӯи дороии шаҳрвандон ва сатҳи маънавиёти онҳо муайян карда мешавад.

Сафарзода Баҳодур,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик

Previous Post

Мулоқот бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Next Post

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post
Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон - муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.