Яке аз ҳадафҳои асосии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ворид гардидани тайғиру иловаҳо ба низоми муайяну меъёрнок, танзимшаванда ва идорашаванда даровардани анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва динӣ, инчунин бартараф кардани урфу одатҳои куҳнашуда, зарарнок ва хурофоти сершуморе мебошад, ки онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба таркиби фарҳанги миллӣ, суннат ва дину мазҳаби мардуми тоҷик ворид шудаанд.
Хурофот дар аксарияти мавридҳо мардумро ба худ гирифтор сохта, барои ба таври пайваста баланду беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеъ мешавад. Аз нуктаи назари таълимоти динӣ хурофот чизест, ки аз доираи дин ва аҳкоми он берун аст. Аз нигоҳи илмӣ бошад, хурофот гуфта чизеро меноманд, ки илман исбот нашудааст ва бештар бофтаву сохта аст. Хурофот дар фарҳангномаҳо маҷмуи асотиру қиссаҳо, ривоят, ақидаву тасаввурот ва расму анъанаҳои ботилу беасосеро ифода мекунад, ки ба ақл, донишу маърифат, мантиқ ва воқеият созгор нестанд. Аз ин лиҳоз, хурофотпарастӣ аз пайравии ақидаҳои ботил ва беасос иборат аст ва ақоиду боварҳое, ки онҳоро шахси хурофотӣ пайравӣ мекунад, ба дараҷаи фарҳанг ва фаҳмишу дониши он ҷомеа, ки ин шахс фарди он мебошад, ҳеҷ қаробату иртиботе надоранд.
Хурофот асосан аз нодонӣ маҳдуд будани донишу маърифат ва ҷоҳилии одамоне сар мезанад, ки онҳо ба сухани ҳар гуна авомфиребон, монанди ҷодугарон, фолбинон тилисмшиканон, ки гӯё онҳо илми ғайбро медонанд, бовар мекунанд. Инчунин, хурофот аз шавқу ҳаваси зиёд, хаёлпарастӣ ва боварӣ ба чизҳое, ки дарки онҳо аз доираи қудрати шуури инсон берун мебошад, низ пайдо мешавад. Хурофот ин боварӣ ба чизи беасос ё ғайриилмӣ дар мавриди ашё ва нақши падидаҳо дар ҷаҳон аст, ки ин боварӣ дар асоси тақлид шакл гирифта ё одатан бо манфиатҳо пайваста аст. Бинобар ин хурофот бо муъҷиза ва тилисм ҳамроҳ аст. Аз ин ҷо, хурофот боварӣ ба қувваи фавқулоддаи сеҳромозест, ки аз олами тахайюлӣ сарчашма гирифта, бо фарҳанг омехта гардидааст ва тавассути аъзои ҷомеа ҳамчун як амри табиӣ пазируфта шудааст. Аксари кулли муҳаққиқон хурофотро муродифи ақидаи ботил ва дурӯғу ғайримантиқӣ мешуморанд.
Муттаасифона, ки ин гуна падидаҳои номатлуб, бидъату хурофот дар замони муосир низ дар зиндагӣ ва муносибатҳои байни мардум ҳоло ҳам ҷой дорад. Дар солҳои Истиқлол Ҳукумати кишвар хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саромади тадбирҳои миллатсозу ваҳдатофарин қарор гирифта, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки миллати дорои таърихи пурғановати тоҷик гузаштаи пурифтихори хешро донад. Ин миллат дар бунёди зиндагии шоиставу озода, эъмори ҷомеаи пешрафта ва орӣ аз хурофоту таассубот, аз пайкору осори бузургони хеш фаровон истифода намояд.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон доштани соли 2009 дар таҳкими худшиносии миллӣ, пойдории ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеа, рафти амиқи маърифати динӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва муколамаи мазҳабҳову фарҳангҳо арзиш ва аҳаммияти бузургеро молик аст ва яке аз ҳадафҳои “Қуръон”-ро ба тоҷикӣ гардонидануба теъдоди зиёд нашр намудан ва дар байни мардум паҳн намудани ин китоби муқаддас бо иқдоми Сарвари кишварамон ин аст, ки мардум худашон хондаву чӣ будани дини Исломро дарк кунанд ва ба таассубу хурофот гирифтор нашаванд.
Инчунин, бо мақсади истифодаи самаранок ва оммафаҳм гардонидани мазмун ва моҳияти аслии меъёрҳои ислом, поксозии онҳо аз таассубу хурофот Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки ба василаи он анъанаҳои миллии таърихӣ, ҳамчунин маросимҳои динӣ таҳти танзим қарор гирифта шуданд.
Қунғуротзода Фарида,
Мутахассиси пешбари шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират

