• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Хурофотпарастӣ аз ҷоҳилӣ ва нодонӣ сарчашма мегирад

Migration Service by Migration Service
17.12.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Хурофотпарастӣ аз ҷоҳилӣ ва нодонӣ сарчашма мегирад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи мо ба сўи пешрафтҳои навин қадам мегузорад ва низомҳои тозатарин ба идоракуни ҷаҳони муосир ворид мешаванд, масъалаи ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун насли ояндасоз ва соҳиби минбаъдаи ин пешрафтҳои ҷаҳони муосир дар меҳвари сиёсати куллии давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор дорад.

Мутаассифона имрӯзҳо дар баробари ташаккули низоми муносибатҳои байналмилалӣ, эҳё ва ногусастанӣ шудани робитаҳои тиҷоративу фарҳангии мамлакатҳои ҷаҳон, ҳамчунин миёни аҳолӣ зуҳуроти номатлубе низ пайдо шуда, паҳн гашта истодаанд, ки оромии давлату ҷомеаи ҷаҳонро халалдор месозанд. Дар замони муосир яке аз омилҳои асосие, ки ба суботу оромии умумиро халалдор месозад, ин хурофотпарастиву ҷаҳолат мебошад.

Вожаи хурофот сарчашмаи худро аз калимаи арабии хурофа гирифта, ақида ва фикрҳои пучу беасосро шарҳ медиҳад. Яъне хурофот ақида ва ё мафҳумҳое аст, ки заминаи онро иттилооти бардурӯғ, бар пояи нафрату адоват асосёфта ва барқасд бофташуда, ки ҳаргиз ба воқеият наздикие надоранд, ташкил медиҳад. Мутаассифона, хурофот имрӯз ба дараҷае дар ҷомеа реша паҳн кардааст ва парда ба рӯйи баъзе ҳақиқатҳо кашидааст, ки барои инсонҳо фарқгузорӣ миёни ҳақиқату дурӯғ мушкилӣ ба вуҷуд овардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти самимиву пур аз эҳсоси худ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти соли равон дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба ҳамин нуқта низ таваҷҷуҳ намуда, таъкид доштанд:

“Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад”. Дар чунин ҳолат хурофотро ба кирме шабоҳат додан мумкин аст, ки дарахти бузургу пурқудрат ва серҳосилро аз дарун хӯрдаву ба нобудӣ мерасонад. Хурофотпарастӣ аз ҷоҳилӣ ва нодонӣ сарчашма гирифта, ниҳояти онро ифротгароӣ ташкил медиҳад. Дар ҷомеаи муосир хурофотпарастӣ бештар бар пояи ақидаҳои диниву мазҳабӣ ва урфу одатҳои гуногуни миллӣ доман паҳн намуда, боис ба баҳсҳои беасос ва бенатиҷа гаштааст. Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир хурофоти беасос ва ҷаҳолат ба талафотҳои бузург сабаб гаштааст, ки ҷуброннопазир мебошад.

Дар ин баробар ҳаминро қайд намудан мумкин аст, ки баъзе ақидаҳои ифротӣ ва хурофотие, ки айни ҳол дар миёни омма доман густурдааст, ба ягон талаботи дини мубини ислом ва арзишҳои маънавии миллӣ ҷавобгӯ нест. Аз ин ҷост, ки миллати бофарҳанги тоҷикро месазад, бо илҳом аз гузаштагони пуршарафи худ пеши роҳи ҳама гуна ҷаҳолату хурофотро бигиранд.

Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти болозикр қайд намуданд: “Мардуми мо бояд огоҳ бошанд ва фирефтаи тарғиботи душманони дину ойин ва миллату мазҳаби худ нашаванд.”

Дар баробари ин пешниҳод ҳамчунин роҳи халосӣ аз дасисаву иғво ва ҷаҳолату хурофотро низ дар суханронии худ Сарвари давлат баён доштанд. Қайд карда шуд, ки дар замоне, ки илму техника ва донишҳои муосир бо суръати кайҳонӣ тараққӣ намуда истодааст, баҳс бар болои баъзе ақоиди шахшудаву куҳна камоли бехирадӣ буда, миллатро ба бадбахтӣ мерасонад. Таҷрибаи кишварҳои мусалмоннишини Ховари миёна ва Шарқ нишон медиҳад, ки танҳо рӯй овардан ба илм, омӯзиши ва рушди илмҳои табииву риёзӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир метавонад, Тоҷикистони азизро ба тараққиёти бесобиқа расонад.

Таъмини ташаккул ва рушду инкишофи илму техника агар аз як тараф воситаи таъмини зиндагии босаодати сокинони кишвар бошад, аз тарафи дигар ба кам гаштани вақти холии ҷавонон ва пешгирии амалҳои номатлуб аз ҷониби онҳо ҳисса мегузорад. Таҳлилҳои вазъи кунунии ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва дар минтақа нишон медиҳад, ки зиёда аз 80 дарсади ҷавононе, ки ба ҷинояткорӣ даст мезананд, дорои маълумоти кифоя нестанд. Пас бо итминон метавон гуфт, ки илмомӯзӣ метавонад, яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти мазкур бошад.

Бо ҳамаи ин гуфтаҳо хулоса карда истода қайд намудан мумкин аст, ки ояндаи Тоҷикистон пеш аз ҳама ба сатҳи маърифатнокии мардум, саводнокии ҷомеа, пешрафти илмиву техникӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар, ташаккули варзиш ва эҳёи арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат вобастагии зич дорад. Иҷрои рисолати мазкур аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро вазифадор месозад, ки барои ташаккули омӯзиши илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир шароити мусоид фароҳам оварда, сатҳи маърифатнокиву саводнокии худро боло бардоранд.

Борониева Сакина,Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Идомаи вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони ноҳияи Файзобод

Next Post

Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм

Next Post
Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм

Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.